Нусхаи чоаи

   Дар монография муҳимтарин масоили марбут ба тағйирёбии иқлим, гармшавии глобалии иқлим, таъсири партови газҳои гулхонаӣ ба системаи иқлимӣ, омилҳои таҳрикдиҳандаи тағйирёбии иқлим, дурнамову пайомадҳои тағйирёбии иқлим, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим, гузариш ба иқтисоди сабз дар шароити тағйирёбии иқлим, таъсири буҳрони экологии Арал ба иқлими минтақа ва ғайра баррасӣ гардида, инчунин татбиқи ҳадафҳои меҳварии ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши Тоҷикистон дар ҳалли масоили ҷаҳонии обу иқлим, иҷрои уҳдадориҳои кишвар дар назди ҳуҷҷатҳои байналмилалии экологӣ аз дидгоҳҳои гуногуни илмӣ таҳлил карда шудаанд.