Нусхаи чоаи
  «Ҷавонони кишвар бояд рисолати таърихии хешро дар назди хотираи ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми нерӯи ҷисмониву ақлонии худро ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодиямон сафарбар созанд».   Эмомалӣ Раҳмон
  Таҳқиқоти анҷомдодаи олимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки рушди техникию технологӣ ва рақобатпазирии давлатҳо ба татбиқи пурсамари навгониҳо дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ вобастагии калон дорад. Аз ин ҷиҳат, барои олимони ҷавон боиси ифтихор аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 дар кишвар «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Ин иқдом ҳар яки моро водор месозад, ки барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва муаррифии онҳо дар арсаи байналмилалӣ масъулияти бештар нишон диҳем. Дар шароити рушди босуръати илм ва технология, нақши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар пешрафти рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва экологии давлатҳо аҳамияти баланд пайдо кардааст. Ҷаҳони имрӯз бе рушди устувори ин фанҳо барои идоракунии самараноки захираҳои табиӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ғайриимкон аст. Бо мақсади тақвият додан ба омӯзиши ин фанҳо ва рушди тафаккури техникии наврасону ҷавонон, солҳои 2020-2040 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Маҳз бо дарки ҳамин воқеият, дар Тоҷикистон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба ташаккули заминаи мустаҳками илмӣ ва кадрии кишвар равона гардидааст. Барномаи мазкур барои баланд бардоштани сатҳи таълим ва омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ равона шудааст. Мақсади Барнома танҳо зиёд намудани ҳаҷми дониш, балки ташаккули тафаккури илмӣ, қобилияти таҳлил, хулосабарорӣ ва истифодаи дониш дар амал мебошад. Дар барнома ба пайваст намудани назария бо амалия, омӯзиш бо таҳқиқот ва илм дар истеҳсолот таваҷҷуҳи махсус дода шудааст, ки фанҳои дақиқ ҳамчун воситаи ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ истифода шаванд.
  Яке аз паҳлуҳои муҳими барнома такмили мазмун ва методикаи таълим мебошад. Таҷдиди барномаҳои таълимӣ, ворид намудани усулҳои муосири омӯзиш ва истифодаи технологияҳои рақамӣ ва таҷҳизоти озмоишгоҳии нав нақши калидӣ доранд. Таълим бояд аз шакли интиқоли маълумот берун рафта, ба раванди фаъол, таҳқиқотӣ ва эҷодӣ табдил ёбад. Ин махсусан барои фанҳое мисли математика, физика, химия, экология ва гидрология аҳамияти калон дорад.
Дар барномаи мазкур барои тайёр ва бозомӯзии кадрҳои омӯзгорӣ ва илмӣ низ диққати ҷиддӣ равона гардидааст. Рушди илм бе омӯзгори соҳибтаҷриба ва олимони касбӣ ғайриимкон аст. Дастгирии мутахассисони ҷавон, фароҳам овардани шароити мусоид барои корҳои илмӣ ва ҷалби онҳо ба лоиҳаҳои таҳқиқотӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ба навсозии захираи кадрӣ ва интиқоли дониш мусоидат мекунад. Барномаи бистсолаи илмӣ-тадқиқотӣ рушди таҳқиқотро ҳамчун пояи пешрафти фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ муайян мекунад. Таҳқиқот на танҳо барои рушди назария, балки барои ҳалли масъалаҳои амалӣ, аз ҷумла идоракунии захираҳои об, ҳифзи муҳити зист, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди энергетикаи «сабз» аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Дар ин замина, институтҳои илмӣ-назириявӣ ва таҳқиқотӣ, аз ҷумла институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, нақши марказӣ доранд.
Барномаи мазкур барои соҳаи об ва экология низ аҳамияти ниҳоят калон дорад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги об солҳои охир аз таъсири тағйирёбии иқлим ва омилҳои антропогенӣ бе таъсир намондааст. Ин барнома имконият медиҳад, ки тадқиқотҳо бо усулҳои муосир ва сатҳи баланд амалӣ шаванд ва ба рушди илмӣ ва ҳифзи муҳити зист заминаи устувор фароҳам оранд.
  Илм хусусияти ҷаҳонӣ дорад ва рушди он бе мубодилаи таҷриба, иштирок дар лоиҳаҳои муштарак ва истифодаи донишҳои пешқадам ғайриимкон аст. Ҷалби грантҳо, ҳамкорӣ бо марказҳои илмии хориҷӣ ва иштироки олимони тоҷик дар лоиҳаҳои байналмилалӣ сатҳи илмро баланд мекунад. Натиҷаҳои интизорӣ фарогир ва дарозмуддатанд, ин ба баланд гардидани сатҳи саводнокии илмӣ, афзоиши шумораи мутахассисони соҳибихтисос, таҳкими иқтидори илмӣ ва беҳтар гардидани робитаи илм ва амал мебошад. Ин раванд ба рушди устувори кишвар ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисод мусоидат мекунад.
  Дар татбиқи ҳадафҳои Барнома, бо дастгирии роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи доимии президенти Академия, академик Хушватхзода Қобилҷон Хушвахт, дар институт лабораторияи муосири таҳқиқотӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Кушодашавии лаборатория барои таҳкими пойгоҳи моддӣ ва техникии институт, густариши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои пешрафта заминаи воқеӣ фароҳам овард. Фаъолияти лаборатория имкон медиҳад, ки таҳқиқот дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла арзёбии сифати обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, таҳлили таъсири тағйирёбии иқлим ва таҳияи тавсияҳо барои истифодаи устувори захираҳои обӣ дар сатҳи баланд анҷом дода шаванд. Ин раванд на танҳо ба сифати натиҷаҳои илмӣ, балки ба таҳкими робитаи илм ва амал, омода намудани кадрҳои ҷавони соҳибихтисос ва татбиқи дастовардҳои илмӣ мусоидат мекунад.
Барномаи босамари «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар фаъолияти институт нишон медиҳад, ки ин барнома на танҳо ташаббуси назариявӣ, балки абзори воқеии рушди илм ва тадқиқот мебошад. Кушодашавии лабораторияи муосир намунаи амалии татбиқи сиёсати илмӣ ва таъмини шароити муосири таҳқиқотӣ ба шумор меравад. Ин раванд имконият медиҳад, ки таҳқиқотҳо бо сатҳи баланди илмӣ анҷом дода шаванд, захираҳои табиӣ ҳифз шаванд ва рушди устувори кишвар дар тамоми самтҳо таъмин гардад.
Алиев Фирдавс 
муовини директор оид ба илм ва таълими
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ
Last modified on Шанбе, 24 Январ 2026