Нусхаи чоаи
Обшавии пиряхҳо хатари ҷиддиро ба коҳиши захираҳои об, зиёдшавии офатҳои табиӣ, халалдор шудани низоми экосистемаҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ оварда мерасонад. Дар чунин шароит, таъхир дар андешидани тадбирҳои муштарак метавонад паёмадҳои ҷуброннопазирро ба бор оварад. Аз ин лиҳоз, пешниҳодҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо саривақтӣ, балки барои ояндаи амнияти экологӣ ва рушди устувори инсоният аҳамияти стратегӣ доранд. Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳ» бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ намуда, саҳми назарраси онро дар ҳалли мушкилоти глобалӣ нишон медиҳанд. Ва ин иқдомҳо гувоҳӣ он аст, ки бо иродаи сиёсӣ, дидгоҳи ояндабин ва ҳамкории байналмилалӣ метавон ба ҳифзи захираҳои ҳаётан муҳим ва таъмини ояндаи устувор ноил гардид.
Тағйирёбии иқлим боиси афзоиши марбут ба офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст ва ин раванд сол то сол возеҳ ба назар мерасад. Аз ҳисоби таъсири тағйирёбии иқлим солҳои 2020-2023 дар кишвар 1 826 ҳодисаҳои табиӣ, аз ҷумла сел, ярч ва обхезӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин боиси ҳалокати 100 нафар ва зиёда аз 30 миллион доллар зарари иқтисодӣ ба бор овардааст. Ҳар сол дар кишвар ба ҳисоби миёна аз 500-600 ҳолати фавқулода сабт мешавад, ки 90 фоизи онҳо бо офатҳои табиӣ, аз қабили обхезӣ, заминларза, ярч, сангрезӣ ва тарма алоқаманданд. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар даҳсолаи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 4 000 ҳодисаҳои табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки тибқи арзёбиҳои расмӣ ҳаҷми умумии зарари иқтисодии онҳо зиёда аз 500 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки тағйирёбии иқлим инчунин боиси афзоиши офатҳои табиӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ мегардад, ки ба инфрасохтори муҳим, хусусан манбаъҳои об ва ҳаёти аҳолӣ, дар шароите, ки сатҳи муҳофизат аз офатҳо заиф аст, таъсири манфӣ расонида, оқибатҳои ҷиддии иҷтимоӣ ва иқтисодиро ба вуҷуд меорад. Тағйирёбии иқлим яке аз омилҳои асосии хавфи рушд барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз лиҳози географӣ зиёда аз 93 фоизи қаламрави кишварро минтақаҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд, ки онҳоро аз ҷиҳати экологӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ махсусан осебпазир мегардонад. Мувофиқи маълумоти мавҷудбуда, ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар кишвар тайи ду даҳсолаи охир аз 1,0–1,3 °C баланд шудааст. Пешгӯиҳои моделҳои иқлимии минтақавӣ нишон медиҳанд, ки то солҳои 2050 баландшавии ҳарорат метавонад ба 1,5–2,0 °C ва то охири асри XXI ба зиёда аз 3,0–4,0 °C расад.
Яке аз таъсирҳои ҷиддии тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коҳиши захираҳои яху барф мебошад. Дар ҳудуди кишвар зиёда аз 13 000 пирях мавҷуд аст, ки тақрибан 60 % ҷараёни оби дарёҳоро таъмин мекунанд. Тибқи арзёбиҳои илмӣ, дар як асри охир зиёда аз 30 % ҳаҷми умумии пиряхҳо кам гардидааст. Агар тамоюлҳои кунунӣ идома ёбанд, то соли 2050 ҳаҷми умумии пиряхҳо метавонад боз 15-20 % кам шавад, ки ин ба захираҳои обӣ, кишоварзӣ ва энергетикаи кишвар таъсири манфӣ мерасонад.
Соҳаи кишоварзӣ, ки беш аз 60 фоизи аҳолии кишвар ба он вобастагӣ дорад, яке аз бахшҳои осебпазир ба шумор меравад. Тақрибан 90 фоизи заминҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ба обёрӣ вобастаанд. Камшавии ҷараёни дарёҳо, зиёдшавии давраи хушксолӣ ва ноустувории боришот боиси пастшавии ҳосилнокии зироатҳои асосӣ, аз ҷумла гандум, пахта ва картошка мегардад. Тибқи таҳқиқоти заминшиносӣ ва иқлимӣ (агроклимт), бе татбиқи чораҳои мутобиқшавӣ талафоти ҳосилнокӣ метавонад дар баъзе минтақаҳо то 20-30 фоизро ташкил диҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ оид ба масоили тағйирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои об тадбирҳои устуворро амалӣ менамояд. Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019, № 482 тасдиқ гардидааст, қабул намуд.
Ин Стратегия ҳамчун пояи стратегӣ барои мутобиқшавӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои об, пиряхҳо ва таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар сатҳи миллӣ равона шудааст. Ҳамчунин, роҳи ҳамоҳангсозии сиёсати миллӣ бо стандартҳои байналмилалӣ ва ҷалби ҳамкории созмонҳои байналмилалиро муқаррар мекунад, то Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонад таъсири манфии тағйирёбии иқлимро самаранок коҳиш диҳад ва барои ояндаи устувор замина гузорад. Бо дарназардошти ин хатарҳо, Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба асосҳои илмии арзёбии хавф ва осебпазирӣ такя мекунад. Чораҳои афзалиятнок ба беҳтар намудани идоракунии захираҳои об, рушди кишоварзии ба иқлим мутобиқ, барқарорсозии экосистемаҳо, тақвияти системаҳои огоҳии барвақт ва мутобиқсозии инфрасохтор равона шудаанд. Таҳлилҳои иқтисодӣ нишон медиҳанд, ки хароҷот барои мутобиқшавии пешакӣ назар ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ чанд маротиба камтар аст. Маълумоти илмӣ ва таҳлилӣ нишон медиҳад, ки мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на интихоби сиёсӣ, балки зарурати стратегӣ мебошад. Татбиқи пайгиронаи стратегияҳои миллӣ бо истифодаи маълумоти илмӣ, мониторинги доимии иқлим ва ҳамгироии онҳо ба банақшагирии рушди иҷтимоию иқтисодӣ метавонад сатҳи осебпазирии кишварро коҳиш дода, устувории дарозмуддатро таъмин намояд.
Аз замони оғози ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, ки соли 1999 оғоз гардиданд, равандҳои коҳиши пиряхҳо дар кишвар шиддати бештар касб намудаанд. Мушоҳидаҳо ва таҳқиқоти илмию таҳлилӣ нишон медиҳанд, ки дар ин давра тағйирёбии иқлим таъсири ҷиддӣ ба ҳолати пиряхҳо расонидааст. Тибқи маълумоти дастрас, майдони пиряхи Федченко тақрибан то 1,5 километр ва пиряхи Гармо бошад то 7 километр коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон, аз шумораи умумии пиряхҳои Тоҷикистон, наздики 1000 адади онҳо пурра аз байн рафтаанд.
Ин раванд дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҷаҳонии метеорология, инчунин дар корҳои илмии олимони ватанӣ инъикос ёфта, аз афзоиши хатарҳо ба захираҳои об, низоми гидрологӣ ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ шаҳодат медиҳанд. Дар ин замина, масъалаи ҳифзи пиряхҳо ҳамчун яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати экологӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Пешниҳоду ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим ва афзоиши хатарҳои экологӣ, ки яке аз мушкилоти глобалии ҷаҳони имрӯз буда, дар меҳвари рӯзномаи ҷаҳонӣ қарор доранд, дар самти ҳифзи пиряхҳо ҳамчун иқдомҳои ниҳоят зарурӣ ва саривақтӣ арзёбӣ мегарданд. Пиряхҳо манбаи асосии оби ошомиданӣ ва захираи обӣ барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ маҳсуб шуда, коҳиши босуръати онҳо на танҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мушкилоти ҷиддӣ эҷод менамояд. Дар чунин вазъият, ба сатҳи байналмилалӣ баровардани масъалаи ҳифзи пиряхҳо далели сиёсати дурандешона ва инсонпарваронаи роҳбарияти олии кишвар мебошад.
Эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», муайян намудани 21 март «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва таъсиси фонди махсуси байналмилалӣ, талоши воқеӣ ба мушкилоти афзояндаи экологӣ ба шумор мераванд. Ин ташаббусҳо имкон медиҳанд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи обшавии пиряхҳо ҷалб гардида, ҳамкориҳои илмӣ, молиявӣ ва техникӣ дар ин самт тақвият ёбанд. Қабули қатъномаи дахлдор аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пуштибонии аксари кишварҳои узв гувоҳи он аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ аҳамияти ин пешниҳодҳоро ба таври ҷиддӣ дарк намудааст.
Конференсияи байналмилалие, ки рӯзҳои 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бори дигар таваҷҷуҳи кишварҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба аҳамияти хоси илмӣ, сиёсӣ ва амалӣ доштани мушкилоти мубрами марбут ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои обӣ ва махсусан пиряхҳо ҷалб намуд. Ин ҳамоиш ҳамчун платформаи муҳими байналмилалӣ барои баррасии таҳкими ҳамкории илмӣ байни кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои таҳқиқотӣ мусоидат намуд. Дар доираи конференсияи байналмилалӣ таҷрибаҳои пешқадам, натиҷаҳои нави таҳқиқотҳои илмӣ ва роҳҳои амалии коҳиши хатарҳои экологӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
 
Алиев Фирдавс 
муовини директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика
ва экологияи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон