Нусхаи чоаи

  Имрўз бо иқдоми пешгирифтаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об» баргузор гардид. Дар кори Конференсия Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмазода, намояндагон аз Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикисон, муовини раиси Кумитаи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Хирадмандон»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин олимону кормандони собиқадори соҳаи об иштирок дошатнд.

  Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси ташкилоти ибтидоии «Рушди устувор» Ориф Амирзода оғоз намуда, ҳозиринро хайрамақдам намуд.

  Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур З.Гулаҳмазода иброз дошт, ки Кумитаи ибтидоии «Хирадмандон» дар кори Ҳизб хеле фаъол мебошад. Аз ҳама муҳим, бо олимону хирадмандон, бо аҳли зиё ҳамкорӣ намудан ва аз ҳар амали онҳо таҷриба гирифтан ба пешбурди кори Ҳизб таконе мебахшад. Чунки дар Кумитаи ибтидоии “Хирадмандон» тамоми сохторҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимони соҳаҳои гуногуни илм аъзо ва ҳамқадами ин Ҳизби ояндасоз мебошанд. Аз ин ҷост, ки таваҷҷуҳи Сарвари Ҳизб, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли илму маориф зиёд аст, дастгирию ғамхории худро бо умеди ояндаи дурахшони миллат дар ин ҷода мунтазам ба роҳ монда истодаанд.

  Раиси ташкилоти ибтидоии «Рушди устувор» О. Амирзода иброз дошт, ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оромию осудаҳолии халқу милатамон қаҳрмонӣ ва талошҳои зиёд кардаанд. Мушкилии глобалие, ки солҳои охир тамоми кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ин тағйиёрбиии глобалии иқлим ва об шудани сарчашмаҳои нодиру нотакрори об — пиряхҳо ва нарасидани оби тозаи ошомиданӣ дар ҷаҳон мебошад. Сарвари давлат барои пешгирӣ аз ин буҳрони номатлуб ақидаҳои хирадмандонаи хешро аз минбарҳои баланди созмонмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ иброз дошта, вобаста ба ин масъала ташаббусҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ роҳандозӣ намуданд. Яке аз ташаббусҳое, ки қобили ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ гашт, ин эълон гардидани Даҳсалоаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018 2028 мебошад, ки мавзӯи имрӯзаи Конференсияи мо — «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллатт дар соҳаи об» мебошад.

  Дар Конференсия мудири лабораторияи экология ва рушди устувор Зайналобиддин Кобулӣ дар мавзӯи «Хусусиятҳои хоси дарёҳои Тоҷикистон ва характеристикаи гидродрологии онҳо» ва ходими калони илмии лабораторияи иқлимшиносӣ ва яхшиносӣ Ситора Мирзохонова дар мавзӯи «Климатические изменение и их влияние на водные ресурсы» маърӯзаҳои илмӣ намуданд.

  6 нафар кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд. Ҳамзамон 5 нафар кормандони фаъоли Институти мазкур ба Ифтихорномаи Кумитаи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Хирадмандон» қадрдонӣ шуданд.

 

Last modified on Панҷшанбе, 02 Сентябр 2021