Санаи 6 октябри соли 2025 бо дастгирии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Фонди Оғохон дар Тоҷикистон”, дар толори маҷлисгоҳи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология курсҳои омузишии “Барномаҳои батиметрия ва моделсозӣ” оғоз гардид.
Дар курси омӯзишии мазкур гурӯҳи мутахассисони Ташкилоти ҷамъиятии “Фонди Оғохон дар Тоҷикистон” ба 15 нафар кормандону мутахассисони институту марказҳои гуногуни АМИТ, аз ҷумла, 8 нафар кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология барномаи омӯзишӣ мегузаронанд.
Барномаи омӯзишӣ аз мавзуъҳои зерин иборат мебошад:
• Маърӯзаҳои муқаддимавӣ оид ба принсипҳои батиметрия, қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва шиносоӣ бо таҷҳизоти батиметрӣ;
• Кори саҳроӣ, ки дар Чуқуркӯл баргузор мегардад, аз ҷумла ченкунии умқи об, контуркашии кӯл бо истифодаи GPS ва эхалот;
• Омӯзиши амалӣ бо нармафзорҳои Reef Master, ArcGIS Pro, QGIS ва Flo-2D барои коркарди маълумот, таҳияи харитаҳои батиметрӣ, ҳисоб кардани ҳаҷми об ва моделсозии равандҳои селоб;
• Таҳияи харитаҳои ниҳоӣ оид ба саҳеҳӣ, суръати ҷорӣ ва минтақаҳои хавфи обхезӣ.
Маврид ба зикр аст, ки барномаи омӯзишӣ аз 6 то 10 октябри соли равон дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ идома меёбад.
Last modified on Панҷшанбе, 09 Октябр 2025