Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти идоракунии захираҳои об, рушди гидроэнергетика, ҳифзи муҳити зист, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши хатари офатҳои табииро баррасӣ намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ байни Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Фонди Тоҷикистонии Оғохон» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳуҷҷати мазкур барои рушди ҳамкориҳои дарозмуддати илмӣ-техникӣ, татбиқи таҳқиқоти муштарак, омӯзиш ва мониторинги кӯли Сарез, тақвияти иқтидори илмӣ ва техникии институт, инчунин баргузории конфронсҳо, семинарҳо ва барномаҳои омӯзишӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум ба рушди илми ватанӣ, таҳкими иқтидори миллӣ дар соҳаи обу иқлим ва пешбурди ташаббусҳои муштарак дар самти рушди устувор мусоидат хоҳад кард.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи самараноки ташаббусҳои муштарак таъкид намуданд.


