Нусхаи чоаи

  23 июни соли 2026 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Кам кардани хавфи офатҳои табиӣ бо такя ба экосистема (Eco-DRR): таҳкими устувории экологӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» ба кори худ оғоз намуд. Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон ва Фонди Тоҷикистонии Оғохон баргузор гардида, аз 23 то 26 июни соли 2026 идома меёбад.

  Конфронсро Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронии худ аҳамияти таҳкими ҳамкории илмӣ, татбиқи дастовардҳои муосири илмӣ дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи роҳкорҳои табиатасосро барои коҳиши хавфи офатҳои табиӣ таъкид намуд. Ӯ зикр кард, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ҳифзи экосистемаҳо ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар кори конфронс намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимони ҷавон ва донишҷӯён иштирок доранд.

Дар идомаи чорабинӣ директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Гулахмадзода Аминҷон Абдуҷаббор оид ба аҳамияти равиши Eco-DRR ҳамчун воситаи муассири баланд бардоштани устувории экологӣ ва коҳиши осебпазирии аҳолӣ ва инфрасохтор дар шароити тағйирёбии иқлим суханронӣ намуд.

Зимни ҷаласаи пленарӣ масъалаҳои вобаста ба нақши экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон дар коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ, идоракунии хатарҳои иқлимӣ ва рушди низоми минтақавии огоҳсозии бармаҳал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳадафи асосии конфронс ва семинари омӯзишӣ таҳкими иқтидори илмӣ, техникӣ ва институтсионалии кишвар барои ҳамгиро намудани равишҳои Eco-DRR ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар идоракунии захираҳои табиӣ ва коҳиши хавфи офатҳои табиӣ мебошад.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои чорабинӣ ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва байниидоравӣ, рушди иқтидори мутахассисон, истифодаи васеи технологияҳои муосири GIS ва зондкунии фосилавӣ, инчунин таҳияи тавсияҳои илмӣ барои ворид намудани равишҳои Eco-DRR ба стратегияҳо ва барномаҳои миллӣ мусоидат намояд.

Last modified on Сешанбе, 23 Июн 2026