Дар ҷараёни шиносоӣ ба иштирокчиён оид ба фаъолияти озмоишгоҳҳо, тарзи истифодаи таҷҳизоти муосири илмӣ, имкониятҳои гузаронидани таҳқиқоти таҷрибавӣ ва нақши онҳо дар омӯзиши масъалаҳои мубрами обу энергетика ва муҳити зист маълумот пешниҳод карда шуд.
Таъкид гардид, ки рушди таҳқиқоти илмӣ дар самти омӯзиши захираҳои об, истифодаи оқилонаи имкониятҳои гидроэнергетикӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ба рушди илм, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ ва таъсиси озмоишгоҳҳои муосир аҳаммияти махсус дода мешавад. Дар ин замина, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои зертобеи худ бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи илмӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти олимону муҳаққиқон тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар рафти боздид президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба масъалаҳои истифодаи самараноки имкониятҳои озмоишгоҳҳо, баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ, тақвияти ҳамкориҳои байниинститутӣ ва ҷалби олимони ҷавон ба корҳои илмӣ-таҷрибавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Қайд гардид, ки озмоишгоҳҳои муосир на танҳо барои анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, балки барои омода намудани мутахассисони баландихтисос, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва пешниҳоди роҳҳои илмии ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодиву экологӣ аҳаммияти калон доранд.