Нусхаи чоаи

  Дар доираи лоиҳаи «Системаҳои мониторинги хушксолии кишоварзӣ дар асоси технологияҳои мушоҳидаи Замин барои Тоҳикистон»  дар ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани экспедитсияи  саҳроӣ 18 июни соли 2026 дар ҳудуди н. Данғара, бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, аз ҷумла сохторҳои масъули соҳаҳои кишоварзӣ, захираҳои обӣ, идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист, идораи заминсозӣ ва геодезӣ, муассисаҳои илмӣ ва маориф иштирок намуданд.

  Ҳадафи асосии экспедитсияи мазкур таҳкими иқтидори миллӣ дар самти мониторинги хушксолӣ ва низоми огоҳсозии бармаҳал, муаррифии технологияҳои муосири мушоҳидаи Замин ва воситаҳои геофазоӣ, инчунин рушди ҳамкориҳо байни мақомоти давлатӣ, ҷомеаи илмӣ ва шарикони байналмилалӣ ҷиҳати коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ мебошад.

  Ҳамчунин коршиносони Механизми минтақавии мубориза бо хушксолии ESCAP аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин намояндагони дигар созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд дар экспедитсяи мазкур ширкат варзиданд.

  Иштирокчиён бо таҷрибаҳои амалии экспедится, барои муайн намудани намнокии заминҳои корӣ ва саҳроии минтақаи н. Данғара, дар самти мониторинги хушксолӣ, арзёбии ҳолати зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи платформаҳои рақамӣ ва идоракунии мониторинги зироати кишоварзӣ аз таҷрибаҳои коршиносон огоҳӣ пайдо намуданд.

  Дар натиҷа, аҳаммияти истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва маълумоти кайҳонӣ барои рушди низоми миллии мониторинги хушксолӣ, такмили низоми огоҳсозии бармаҳал, баланд бардоштани иқтидори мутахассисон ва таҳкими муқовиматпазирии кишвар ба таъсири тағйирёбии иқлим таъкид гардид.

Last modified on Ҷумъа, 19 Июн 2026