Нусхаи чоаи
  09 апрели соли 2026 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-059 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи рисолаи илмии Нурализода Муҳйиддин Нуралӣ баргузор гардид.
   Рисола дар мавзуи: «Таъсири омилҳои муҳандисию геологӣ ба ҳолати шиддатнокӣ ва деформатсионии нақби гидротехникии СТ-4-и НБО Роғун» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисоси 2.1 (2.1.8 — сохтмони гидротехникӣ) пешниҳод гардид.
   Дар ҷараёни ҳимоя натиҷаҳои муҳими илмӣ ва аҳамияти амалии таҳқиқот, ки ба баланд бардоштани боэътимодии иншооти гидротехникӣ равона шудааст, баррасӣ шуданд.
    Ба унвонҷӯ табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ барору комёбиҳо орзу менамоем! 
 
 
Last modified on Панҷшанбе, 23 Апрел 2026