Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон идомаи Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар доираи «ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК» баргузор гардид.
Конференсия ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (2020–2040)», «Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, 2018–2028”», «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025–2030)», «Даҳсолаи илмҳои криосферӣ (2025–2034)» ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» бахшида шуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ натиҷаҳои муҳими илмӣ дар самтҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим, экология ва рушди устувор муаррифӣ гардида, масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Конференсия ҳамчун майдони муҳими мубодилаи дониш ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ хизмат менамояд.
Last modified on Сешанбе, 21 Апрел 2026