26 июни соли 2026 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалӣ ва семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Кам кардани хавфи офатҳои табиӣ бо такя ба экосистемаҳо (Eco-DRR): таҳкими устувории экологӣ дар шароити тағйирёбии иқлим», ки аз 23 то 26 июн ба нақша ширифта, хотима ёфт. Дар тӯли чор рӯз иштирокчиён масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва ҳифзи экосистемаҳои кӯҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Рӯзи аввал – 23 июн
Конфронс бо ҷаласаи ифтитоҳӣ бо иштироки роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оғоз гардид. Дар суханрониҳои ифтитоҳӣ аҳамияти рушди ҳамкориҳои илмӣ, татбиқи равиши экосистемавӣ дар коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва таҳкими устувории экологӣ дар шароити тағйирёбии иқлим таъкид карда шуд.
Дар ҷаласаи пленарӣ олимон ва коршиносони варзида оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, идоракунии захираҳои об, ҳифзи гуногунии биологӣ, арзёбии хавфҳои табиӣ ва татбиқи роҳҳалҳои табиатасос (Nature-based Solutions) маърӯза намуданд.
Рӯзи дуюм – 24 июн
Кори конфронс дар бахшҳои мавзӯӣ ва машғулиятҳои омӯзишӣ идома ёфт. Иштирокчиён усулҳои муосири арзёбии хавфҳои табиӣ, хизматрасониҳои экосистемавӣ ва осебпазирии минтақаҳо, инчунин роҳҳои амалии татбиқи консепсияи Eco-DRR-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, ба мубодилаи таҷрибаи илмӣ, истифодаи усулҳои муосири мониторинги экологӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда дар самти идоракунии устувори захираҳои табиӣ диққати махсус дода шуд.
Рӯзи сеюм – 25 июн
Қисми амалии семинар дар ҳудуди маҷмааи табиии Искандаркӯл баргузор гардид.
Зимни сафар иштирокчиён бо хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва гидрологии ҳавзаи дарёи Зарафшон, экосистемаҳои нодири кӯҳии Тоҷикистон ва таъсири тағйирёбии иқлим ба минтақаҳои баландкӯҳ шинос шуданд.
Дар ҷараёни корҳои саҳроӣ вазъи экосистемаи кӯли Искандаркӯл арзёбӣ гардида, омилҳои асосии хавф ва осебпазирии экологӣ муайян карда шуданд. Иштирокчиён дар гурӯҳҳои корӣ оид ба арзёбии хавфҳои табиӣ, муайян намудани хизматрасониҳои экосистемавӣ, таҳияи харитаҳои хавфу осебпазирӣ ва пешниҳоди роҳҳалҳои табиатасос барои коҳиши хавфи офатҳои табиӣ фаъолият намуданд.
Рӯзи чорум – 26 июн
Дар рӯзи ҷамъбастӣ директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Гулахмадзода Аминҷон Абдуҷаббор, зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки тағйирёбии иқлим яке аз таҳдидҳои асосӣ барои минтақаҳои кӯҳӣ буда, равиши экосистемавӣ дар коҳиши хавфи офатҳои табиӣ (Eco-DRR) воситаи муҳими таъмини амнияти экологӣ ва рушди устувор ба ҳисоб меравад. Устод зикр намудаанд, ки ҳамгироии неруи ҷомеаи илмӣ, сохторҳои давлатӣ ва шарикони байналмилалӣ ба баланд бардоштани самаранокии таҳқиқоти илмӣ, таҳияи роҳҳалҳои амалӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва густариши ҳамкориҳои илмӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар анҷоми чорабинӣ ба ҳамаи иштирокчиён, ки дар кориконфронс ва семинари омӯзишӣ фаъолона иштирок варзидаанд, сертификатҳо тақдим карда шуданд.
Баргузории конфронс саҳми арзандае дар таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва пешбурди равишҳои муосири илмӣ дар самти ҳалли масъалаҳои экологӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор гардид.