Нусхаи чоаи

 Олимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ 04 июли соли 2025  Патенти Евроосиё № 050392 «Усули муайян кардани ҷойгиршавии пардаи геотермалӣ дар қабати замин»-ро ба даст оварданд.

Ихтироъ ба соҳаи воситаҳои геофизикии таҳқиқи қабати замин, яъне арзёбии тақсимоти ҳарорати қишри замин вобаста ба чуқурӣ тааллуқ дорад. Усули ҷойгиршавии пардаи геотермалии қаблан номаълумро муайян менамояд, ки қишри заминро ба ду қисм тақсим мекунад: минтақаи ҷамъшавии энергияи офтобӣ (қисми наздики сатҳи қишри замин) ва минтақаи ҷамъшавии энергияе, ки аз қаъри Замин меояд. Системаи муайянкунии ҷойгиршавии пардаи геотермалӣ аз ду гурӯҳи фосилавии қабулкунакҳои ҳарорат иборат аст. Дар асоси нишондодҳои қабулкунакҳои ҳарорат ду муодилаи эмпирикӣ тартиб дода мешаванд, ки ҳалли муштараки онҳо ҷойгиршавии дақиқи пардаи геотермалиро медиҳад. Ин усул имкон медиҳад, ки системаи мониторинги пешгӯии дарозмуддати тағйирёбии иқлим ва реҷаи криосферӣ таъсис дода шавад.

Last modified on Чоршанбе, 09 Июл 2025