Нусхаи чоаи
  Санаи 10 октябри соли 2025 курсҳои омузишие, ки дар доираи ҳамкорӣ байни Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Фонди Оғохон дар Тоҷикистон” аз 6 октябр то 10 октябри соли 2025 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология “Барномаҳои батиметрия ва моделсозӣ” шуда гузаштанд, ба итмом расид.
  Дар курси омӯзишии мазкур гурӯҳи мутахассисони Ташкилоти ҷамъиятии “Фонди Оғохон дар Тоҷикистон” ба кормандону мутахассисони институту марказҳои гуногуни АМИТ, аз ҷумла, 11 нафар кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология барномаи омӯзишӣ гузаронанд.
Дар натиҷаи ин курсҳои омузишӣ кормандону мутахассисони Акакдемияи милли илмҳои Тоҷикистон аз мутахассисони Ташкилоти ҷамъиятии “Фонди Оғохон дар Тоҷикистон” оиди истифодабарии таҷҳизоти батиметрӣ, ченкунии умқи об ва контуркашии кӯлҳоро ба воситаи GPS-у эхалот, омӯзиши амалӣ бо нармафзорҳои Reef Master, ArcGIS Pro, QGIS ва Flo-2D барои коркарди маълумотҳо, таҳияи харитаҳои батиметрӣ, ҳисоби ҳаҷми об ва моделсозии равандҳои селобҳо, инчунин таҳия намудани харитаҳои ниҳоӣ оид ба саҳеҳию суръати ҷорӣ ва минтақаҳои хавфи обхезӣ ва дигар масъалаҳои мумбрамро аз худ намуданд.
 
558174835_122240321144189027_6178838911271434223_n.jpg
 
560652390_122240321000189027_271812989017889442_n.jpg
 
561662622_122240321294189027_7938768543485538136_n.jpg