Нусхаи чоаи

  Ба ифтихори 21 МАРТ - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ  ПИРЯХҲО дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Равишҳои илмӣ ва технологӣ ба омӯзиши пиряхҳо ва пешгӯии таназзули онҳо» баргузор гардид.

 Дар чорабинӣ олимон, мутахассисон, донишҷӯёни PhD ва магистрантони институт иштирок намуда, усулҳои муосири мониторинги пиряхҳо, истифодаи технологияҳои санҷиши фосилавии Замин ва системаҳои иттилоотии ҷуғрофиро барои омӯзиши ҳолати онҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.

 Ҳамчунин ба таъсири тағйирёбии иқлим ба обшавии пиряхҳо ва аҳамияти онҳо дар ташаккули захираҳои обии минтақа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Иштирокчиён муҳимияти рушди таҳқиқоти илмӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалиро дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо таъкид намуданд.