Нусхаи чоаи

   2 июни соли 2026 дар толори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзӯи «Вусъат додани ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) дар таҳияи истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи сифати об» баргузор гардид.

  Дар семинари мазкур аз ҷониби намояндагони Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) Юлия Выставная ва профессор Фредерик Хуни, инчунин ходимони илмии институт Шаймуродов Фирдавс ва Анвар Қодиров баромад карданд.

  Ҳадафи асосии семинари илмӣ баррасии дурнамои густариши ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) дар татбиқи технологияҳои муосир барои арзёбӣ, мониторинг ва беҳтар кардани сифати об, инчунин тақвияти ҳамкории илмӣ ва институтсионалӣ дар ин самт буд. Меҳмонон иштирокчиёни семинарро бо шабакаи ГлоВАЛ-и МАГАТЭ ва истифодаи маълумоти он дар идоракунии самараноки захираҳои об шинос карданд.

  Дар охири семинари илмӣ, меҳмонон истифодаи якчанд намуди таҷҳизотро барои муайян кардани унсурҳои кимиёвӣ ва газҳо дар об ва арзёбии сифати об нишон доданд.

 

Last modified on Чоршанбе, 03 Июн 2026