Нусхаи чоаи

  Санаи 14.11.2022 таҳти раёсати муовини директор оид ба илм ва таълим, номзади илмҳои техникӣ Номвар Қурбон дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

  Ҷаласаро муовини директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Номвар Қурбон ифтитоҳ намуда, дар оғози суханронӣ иброз дошт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои комилан нави сиёсӣ дар кишвар буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд.  Иҷлосияи тақдирсоз, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри таъмини Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Зеро маҳз ин Иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозиданд. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки чунин гуфтаанд: «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид».

  Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон нақши калидӣ бозида, роҳи ояндаи дурахшони халқи тоҷикро  ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Дар ин иҷлосия баҳри таҳкими давлату давлатдорӣ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуд. Аз ҷумла, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсони давраи ҷангӣ», Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтарин санадҳои ҳуқуқии дар иҷлосияи мазкур қабулгардида буданд.

  Муҳимтар аз ҳама, дар ин Иҷлосия масъалаи асосӣ ва тақдирсози миллату меҳан интихоби Сарвари давлат буд, то миллатро аз парокандагӣ ва меҳанро аз вартаи нобудӣ раҳо намояд. Хушбахтона, дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони халқ фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба маснади олии кишвар пазируфта шуданд.

  Ба ҳамагон маълум аст, ки Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари ҳокимият омаданд, ки тамоми сохтор ва дастгоҳи ҳукуматӣ бар асари даргириҳои бемаънӣ, билкул фалаҷ шуда, кишвар ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ афтода буд. Манзараи даҳшатовар ва хунини ҷанги шаҳрвандӣ ҳатто имрӯз ҳам, бо гузашти 30 сол, хобу хаёли мардумро тарк накардааст. Паймудани масири хатарнок ва печидаи сиёсат дар он замон кори саҳлу осон набуд ва ҳар кӣ дар замону макони мазкур дар ҳавзаҳои сиёсӣ ва идорӣ кору фаъолият кардааст, ҳолат ва вазъи куллии минтақавиро хуб дар ёд дорад: нобоварӣ ба ҳамдигар; тарсу ҳароси ҳамешагӣ; камтаҷрибагӣ дар бархӯрд бо шароит; хиёнату бадбинӣ миёни мардуми маҳаллу минтақаҳои гуногун; ноустувории муносиботи тарафҳо; афзоиши қатлу куштор дар манотиқи даргир; беназмию бесуботии сиёсию иҷтимоӣ; авҷи нуфузи гурӯҳҳои ҷинояткор дар ҳаёти рӯзмарра; дахолати бевоситаи роҳзанону дуздон ва созмонҳои ҷиноятӣ дар фаъолияти мақомоти расмӣ - идорӣ ва давлатӣ; дуздии саросарии амволи давлатӣ аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ; ба сифр баробар шудани касри буҷети давлатӣ дар маҳалҳои даргир ва пойтахти кишвар ва амсоли инҳо барин силсилаи нобасомониҳо, як навъ дилсардию бетафовутиро дар миёни ниҳодҳои гуногуни иҷтимоию давлатӣ ба вуҷуд оварда буд. Дар чунин шароити мудҳиш ба сари кор омадан ва ба таври таъҷилӣ, сомон додани ибтикороту тадбироти мушаххас ҷуръат ва худкифоиятии вижаеро тақозо менамуд..

  Хушбахтона, тавассути ҷаҳду талошҳои пайвастаю хастанопазири Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба аъзогии як қатор созмонҳои минтақавию байналхалқӣ пазируфта шуд. Бинобар ин, меҳнатҳои пайваста ва заҳматҳои беминнати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби халқи шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ҷаҳониён тавассути баромаду пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, дар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналхалқӣ бо халқи тоҷик ва ин кишвари биҳиштосо ошноӣ пайдо намуданд, иззату эҳтироми Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарони кишварҳои олам ва созмонҳои минтақавию байналхалқӣ нишонаи олии эҳтироми Сарвари давлати тоҷикон ва ҳусни таваҷҷуҳи мардуми олам нисбат ба халқи шарифи тоҷик мебошад.

  Сипас ходими илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Ҳасан Асоев дар мавзуи «Нақши меҳварии арзишҳои экологӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» маърузаи пурмуҳтаво намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки зуҳуроти муаммоҳои глобалӣ, айни замон моро водор менамояд, ки устариши иқтисод ва арзишҳои соҳибистиқлолии кишварамонро аз дидоҳҳои мухталифи илмӣ, бо диди экологӣ на танҳо арзёбӣ, балки тарғибу ташвиқ намоем. Чунки нахустин қонун оид ба ҳифзи табиат дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 1959 қабул шуда, то давраи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ он ягон маротиба такмилу таҳрир нагардида буд. Хушбахтона, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт беш аз 2 қонуни соҳавӣ қабул гардид ва аксари онҳо вобаста ба замон такмил дода шудаанд. Барои амалӣ гардонидани ин қонунҳо бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии соҳавӣ таҳия ва қабул гардиданд.

  Ҳамчунин, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 конвенсияи байналмилалии соҳаи муҳити зист шомил гардида, амалӣ гардонии онҳо нақш ва мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ таҷассум менамояд. Бо ибораи дигар, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туфайли ппайвастшавӣ ба конвенсияҳои байналмилалии экологӣ дар сатҳи байналмилалӣ сиёсати экологии хешро роҳандозӣ мекунад. Маҳз мақом ва эътибори баланд доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Роҳбари он, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар асоси ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ – Созмони Милали Муттаҳид 9 қатънома қабул кард ва баҳри татбиқи амалии пешниҳодҳоти Тоҷикистон ва қатъномаҳои СММ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Душанбешаҳр 10 ҳамоиши сатҳи баланд низ баргузор гардиданд...

  Ҳамин тавр, агар тамоми дастоварду комёбиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон агар натиҷаи сиёсати хирадмандона, бунёдкорона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд, муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ҳассосу тақдирсоз зимоми давлатдориро уҳдаи ин фарзонафарзанди миллат во гузоштан будааст. Аз ин рӯ, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайванди ногустатанӣ доранд ва таҷлили ин ҷашнҳо барои мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҳама ҷиҳат аҳамияти бузург дорад.

 

 

 

Last modified on Душанбе, 14 Ноябр 2022