Имруз, санаи 22 июни соли 2026 дар толори Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабиниро директори институт, доктори илмҳои техникӣ Аминҷон Гулаҳмадзода оғоз намуда, нахуст иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолӣ буда, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Зеро тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизи мо натиҷаи заҳматҳову талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баракати Ваҳдати миллӣ мебошанд.
Дар ҷаласа инчунин ҳайати профессорон баромад намуда, дар бораи хизматҳои бепоёни Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.
Директори институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Гулаҳмадзода А.А. аз фурсат истифода бурда, аҳли кормадони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва аҳли кормандони Институтро бо Рузи Ваҳдати миллӣ муборакбод гуфт ва шодбошиҳо орзу намуд.