Нусхаи чоаи

  Санаи 9-уми октябри соли 2026 ходими пешбари илмии Озмоишгоҳи энергетика, захира ва энергосарфанамоии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Давлатшоев Саломат Қаноатшоевич, ки 25 июни соли 2026 дар Шӯрои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ аз рӯйи ихтисоси 2.1 Геология, геодезия, гидрология, сохтмон, меъморӣ (2.1.8. Сохтмони гидротехникӣ) рисолаи докториашро  ҳимоя намуда буд, бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2026 (№10) бо дипломи дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ сарфароз гардонида шуд.

   Роҳбарият ва аҳли кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ устоди азизро барои ноил шудан ба унвони доктори илмҳои техникӣ сидқан муборакбод намуда, ба ӯ дар иҷрои корҳои илмӣ пешрафту муваффақиятҳои нав ба наву беназир хоҳонем.

 

Last modified on Душанбе, 12 Октябр 2026