Имрӯз дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохӯрии техникӣ бо ҳайати намояндагони Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) баргузор гардид.
Дар вохурӣ роҳбарият ва мутахассисони институт бо Сардори бахши Департаменти техникӣ дар Аврупои Агентии байналмилалии энергияи атомӣ хонум Сандра Мария ва ҳайати ҳамроҳи ӯ масъалаҳои ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, татбиқи технологияҳои муосир дар самти идоракунии захираҳои об, омӯзиши муҳити зист ва истифодаи усулҳои изотопӣ дар таҳқиқоти илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба имкониятҳои густариши ҳамкориҳои муштарак дар доираи лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисон, ҷалби олимони ҷавон ба барномаҳои байналмилалӣ ва татбиқи таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мубодилаи афкор намуданд.
Намояндагони Агентии байналмилалии энергияи атомӣ бо самтҳои асосии фаъолияти институт, дастовардҳои илмӣ ва иқтидори илмии муҳаққиқони тоҷик шинос гардида, омодагии худро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд иброз доштанд.
Таъкид гардид, ки тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм ва технология барои ҳалли масъалаҳои мубрами вобаста ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим, гидроэнергетика ва ҳифзи муҳити зист аҳаммияти муҳим дошта, ба рушди устувори кишвар мусоидат менамояд.

