Санаи 13.05.2026 дар толори Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон идомаи Конфронси илмӣ-назариявии “Саҳми илм дар амалисозии ташаббусҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар бахши “Саҳми таҳқиқоти илмӣ дар татбиқ ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалии обию экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардида, дар он маърузаҳои ходимони илмии институт шунида шуданд.
Маърузаҳо фарогири мавзӯъҳои таҳлили автоматии хушксолӣ, хусусияти динамикаи бузургиҳои метеорологӣ, сенарияҳои рушди энергетика, оқибатҳои экологии тағйирёбии иқлим, ҳолати обҳои зеризаминӣ, ҳолати яхбандиҳои муосир ва кӯлҳои пиряхӣ ва ғайра буданд.
Ҳамин тавр, дар кори конференсияи мазкур олимону мутахассисони соҳа, ходимони илмии Институт ва магистрону докторантон иштирок намуданд.