wrapper

Навидҳои рӯз

Конференсияҳо

Дар Душанбе бахишда ба “Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва хушксолӣ” конфронси илмӣ баргузор гардид

 17 июни соли 2026 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва хушксолӣ” конференсияи илмӣ-амалӣ ва омӯзиши миллӣ дар мавзӯи «Системаҳои мониторинги хушксолии кишоварзӣ дар асоси технологияҳои мушоҳидаи Замин» баргузор гардид.

Идомаи Конфронси илмӣ-назариявии “Саҳми илм дар амалисозии ташаббусҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

  Санаи 13.05.2026 дар толори Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон идомаи Конфронси илмӣ-назариявии “Саҳми илм дар амалисозии ташаббусҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар бахши “Саҳми таҳқиқоти илмӣ дар татбиқ ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалии обию экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардида, дар он маърузаҳои ходимони илмии институт шунида шуданд. Муфассал...

Саҳми илм дар амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Имрӯз, 12 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018–2028” конфронси илмӣ назариявӣ дар мавзуи “Саҳми илм дар амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Муфассал...

Конференсиям илмӣ-амалии « Хоҷагии об – асоси рушди устувор»

  Санаи 16-уми октябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии “Хоҷагии об – асоси рушди устувор” баргузор гардид. Дар конференсия ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Амонзода Илҳом Темур, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсент Амирзода Ориф, директори Муассисаи давлатии илмии “ТоҷикНИИГИМ” Дилшод Умаров ва дигар олимон аз институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок варзиданд.

Муфассал...
Яндекс.Метрика