wrapper

Навидҳои рӯз

  Санаи 25-уми ноябри соли 2026 дар толори Шӯрои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар семинари мазкур олимону мутахассисон ва докторантону унвонҷӯёни институт иштирок варзиданд.

  Семинарро директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, доктори илмҳои техникӣ Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор оғоз намуд. Мавсуф зимни суханронии худ дар бораи Парчами давлатӣ ва таърихи он ибрози андеша кард.

Сипас, олимони институт оид ба Парчами давлатӣ ва дастовардҳои илмӣ дар соҳаҳои захираҳои об, гидроэнергетика ва экология дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо намуданд.

Яндекс.Метрика