wrapper

Навидҳои рӯз

  Таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз суханронии Аосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза» эълон намуданд, маншаъ мегирад. Маҷмааи умумии СММ дар асоси Қатъномаи 55/196 таҳти №55/196 соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза» эълон кард.

  Бо дарназардошти он, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об мебошад, инчунин бо мақсади зарурати истифодаи оқилонаи онҳо ва дастгирии ҳамаҷонибаи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №59 аз 25 декабри соли 2000, дар назди Академияи илмҳо Шуъбаи масъалаҳои об ва экология таъсис дода шуд. Аввалин мудири шуъба доктори илмҳои кимиё, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиев Ҳайдар буд.

  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо олимону зиёиёни кишвар, бахшида 50-солагии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20 марти соли 2001 зарурати фарорасии таҳкими неруи илмии Тоҷикистон ва таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияро таъкид намуданд. Дар робита ба ин ташаббуси Сарвари давлат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2002 таҳти №279 дар бораи таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати кишвар Раёсати Академияи илмҳо фармони дар заминаи Шуъбаи захираҳои об ва экология таъсис додани Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияро аз 22 июли соли 2002 таҳти №72 содир намуд.

Директорони Институт

Мирсаидов Улмас Мирсаидович

Директор-ташкилотчии Институт,
академики АМИТ, доктори илми кимиё, профессор
 

Сафиев Ҳайдар Сафиевич

Доктори илмҳои кимиё,
академики АМИТ, профессор
Мудири Шуъбаи масъалаҳои
об ва экологияи АМИТ аз 2000
то соли 2001
 

Норматов Ином Шерович

Доктори илмҳои кимиё, узви вобастаи АМИТ, профессор.
Аз моҳи ноябри соли 2002
то моҳи июни соли 2009

Кобулӣ Зайналобуддин Валӣ

Доктори илмҳои кимиё,
узви вобастаи АМИТ, профессор.
Аз моҳи июни соли 2009 то моҳи августи соли 2020
 
 
 
 

Амирзода Ориф Ҳамид

Номзади илмҳои техникӣ, дотсент
Аз 13 августи соли 2020 – то имрӯз