wrapper

Навидҳои рӯз

  Бо карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007 № 650 дар мактабҳои олӣ ва институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти даҳонӣ ташкил карда шудааст.

  Магистратура зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Таъсис додани магистратураи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо стандарти байналмиллалии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё месозад.

   Магистратура бо фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  танҳо дар донишкада, академия ва донишгоҳҳое, ки шўъбаи аспирантура ва докторантура, инчунин имконияти илмию методӣ, заминаи хуби моддӣ, техникӣ ва таълимӣ доранд, таъсис дода мешавад. Мўҳлати таҳсил дар шакли рўзонаи магистратура ду сол муқаррар карда шудааст.

   Аз соли 2014 дар Институти мо ба бахши магистратура ва аз соли 2017 ба докторантура аз рўи ихтисосҳо (PhD) қабули довталабон шурўъ гардид.

  Бахши магистратура аз рўи ихтисосҳои 1М-310201-0203 – «Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат», 1М-430106 – «Технологияи энергияи самарабахш ва менеҷменти энергетикӣ», 1М-70040101 – «Сохтмони гидротехникӣ», 1М-33010101 – «Экология», 1М-70.04.03.03 – «Тозакунии обҳои табиӣ ва ѓализ», 1М- 33.01.02-02 – “Мониторинги муҳити зист”, 1М- 70.04.03.04 – “Истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ” таҳсил менамоянд.

 Дар давоми шаш сол шумора ва ихтисосҳои хатмнамуда чунин аст:

Номгўи ихтисос

Шумораи хатмкунандагон

2016

2017

2018

2019

2020

2021

2022, дар назар аст

1

1М-310201-0203 - Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат

1

2

2

5

7

9

13

2

1М-430106 – Технологияи энергияи самарабахш ва менеҷменти энергетикӣ

2

2

 

8

14

4

14

3

1М-70040101 - Сохтмони гидротехникӣ

 

2

5

6

3

2

3

4

1М-33010101 – Экология

 

2

4

6

6

5

8

5

1М-70.04.03.03 - Тозакунии обҳои табиӣ ва ѓализ

1

 

 

 

 

 

 

6

1М- 33.01.02-02 – Мониторинги муҳити зист

1

 

 

 

 

 

 

7

1М- 70.04.03.04 – Истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ

1

 

 

 

 

 

 

Ҳамагӣ

6

8

11

25

30

20

38

 

  Мутобиқи моддаҳои 8 ва 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, № 127 ва 25 феврали соли 2017, № 93 қарор оид ба ҷорӣ намудани қабул ба докторантура PhD дар мактабҳои олӣ ва институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ қабул намуд.

  Соли панҷум аст, ки қабул ба докторантура PhD идома дошта, айни замон дар зинаи докторантура 33 доктор (PhD), аз рўи ихтисосҳои 6D060800 «Экология», 6D061000 «Гидрология», 6D061200 «Метеорология», 6D074400 «Сохтмони гидротехникӣ», 6D060900 «География», 6D090200 «Сайёҳӣ», 6D080500 «Захираҳои обӣ ва истифодаи онҳо», 6D072900 «Сохтмон» қабул карда шудаанд.

 

Номгўи ихтисос

Шумораи дохилшудагон

2017

2018

2019

2020

2021

1

6D074400 «Сохтмони гидротехникӣ»

2

2

2

1

1

2

6D061000 «Гидрология»

2

 

2

2

1

3

6D060800 «Экология»

 

1

2

 

6

4

6D061200 «Метеорология»

 

1

1

1

 

5

6D060900 «География»

 

 

 

1

 

6

6D090200 «Сайёҳӣ»

 

2

3

4

2

7

6D080500 «Захираҳои обӣ ва истифодаи онҳо»

 

 

 

2

2

Ҳамагӣ

4

6

10

11

12

 

  Дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ Институт бо тамоми донишгоҳҳо ва институтҳои илмӣ-тадқиқотии ҷумҳурӣ ҳамкорӣ менамояд.

  Докторантура аз рўйи ихтисос бо пешниҳоди муассисаи таълимӣ ё илмӣ дар мувофиқа бо муассис аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

  Доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, талаботи техникӣ нисбат ба он, барасмиятдарорӣ ва тартиби додани онро Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

  Тибқи ин талаботҳо соли 2021 1 нафар докторант аз рўи ихтисоси Метеорология рисолаашро хатм намуда унвони Доктори фалсафа (PhD)-ро гирифт, ки тибқи Низомнома оид ба докторантура ба номзади илмҳо баробар мебошад.

  Аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.11.2020с., №135 ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ то 13.11.2023 сол дода шуд.

Яндекс.Метрика