Навидҳо
- Чоршанбе, 11 Ноябр 2026
Дидан намудани хатсайри олимону муҳаққиқон аз озмоишгоҳҳои муосири Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ
Имрӯз, 10 ноябр хатсайри олимону муҳаққиқон таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба Институти масъалаҳои об гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварда, аз озмоишгоҳҳои муосири замонавӣ дидан намуданд.
Зимни боздид олимону муҳаққиқон бо фаъолияти озмоишгоҳҳои муосир, таҷҳизоти илмӣ-таҳқиқотӣ, имкониятҳои техникии муассиса ва самтҳои асосии пажӯҳишҳои илмӣ дар соҳаҳои захираҳои об, гидроэнергетика, экология ва ҳифзи муҳити зист аз наздик шинос гардиданд.
Муфассал...
- Чоршанбе, 11 Ноябр 2026
Ҳифзи ҷавонон аз ифротгароӣ ва терроризм – вазифаи ҳар яки мо
Терроризм дигар барои Тоҷикистон таҳдиди дур нест. Дар солҳои охир кишвари мо дар марзи ҷанубӣ бо хатарҳо рӯ ба рӯ мешавад ва гурӯҳҳои террористӣ кӯшиш мекунанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, пеш аз ҳама ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатиро ба сафи худ ҷалб намоянд. Нақши асосиро мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ мебозанд, вале самаранокии пешгирӣ инчунин аз оила, мактаб, уламои дин, ҷомеа ва ҳар як корбари интернет вобаста аст.
Муфассал...
- Якшанбе, 08 Ноябр 2026
Семинари илмӣ дар Институт
Санаи 05 ноябри соли 2026 дар толори Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнерегетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзӯи “Таҳияи технологияи истеҳсоли коагулянтҳо барои тозакунии об дар иншооти тозакунии Душанбе” баргузор гардид.
Муфассал...
- Якшанбе, 08 Ноябр 2026
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ, таъмини суботи сиёсӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муайян намудани самтҳои рушди ҷомеа нақши бунёдӣ дорад. Имсол ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол пур мешавад. Оид ба масоили экологӣ, тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо дар Конститутсия мудири лабораторияи моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Номвар Қурбон чунин гуфт:
Муфассал...
Тоҷикӣ
Русский
English