wrapper

Навидҳои рӯз

Навидҳо

Дифои рисолаи номзадӣ фархунда бод!

 Санаи 16 сентябри соли 2026 дар Шурои дисертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии корманди институт баргузор гардид. Иҷрокунандаи вазифаи мудири озмоишгоҳи “Энергетика, захира ва энергосарфанамоӣ” Раҳмонов Шарифхуҷа Сайвалиевич дар мавзуи “Сенарияҳои гидроэнергетикии оптимизатсияи тавозуни захираҳои энергетикӣ ва моделсозии фаъолияти иншоотҳои гидротехникии ҳавзаи дарёи Вахш” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (Phd) – доктор аз руйи ихтисоси 6D.074400 – Сохтмони гидротехникӣ ва иншоот (6D074401 – Сохтмони гидротехникӣ) рисолаи номзадии худро ҳимоя намуд. Муфассал...

Ҳимояи рисолаи номзадӣ муборак бод!

  Санаи 15 сентябри соли 2026 хатмкунандаи докторантураи фалсафа (PhD)-и Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Изатуллозода Рамазон Хайрулло рисолаи номзадии худро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯи ихтисоси 6D060800 (Экология), дар мавзуи “Арзёбии экологии истифодаи тафолҳои оҳангудозӣ дар истеҳсоли маводи сохтмонӣ (дар мисоли КВД “Коргоҳи машинасозӣ”)” бо муваффақият ҳимоя намуд.

Муфассал...

Мукофотҳои давлатии кормандони институт муборак бод!

  Роҳбарият ва ҳайати ходимони илмии Институт котиби илмӣ - Қориева Фарангис Абдураҳимовнаро бинобар сазовор шудан ба медали “Хизмати шоиста” дар соли 2026 ва сарходими илмии озмоишгоҳи “Иншооти гидротехникӣ”- и институт Фазылов Алӣ Рахматджановичро, барои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидан бо медали “35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, самимона муборакбод менамоянд.

Муфассал...

Натиҷагирӣ аз фаъолияти нӯҳмоҳаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ

   15 сентябри соли 2026 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи Шурои илмӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти илмии институт дар 9 моҳи соли 2026 баррасӣ гардиданд.
  Дар кори ҷаласа аъзои Шурои илмӣ, сардорони шуъбаҳо, мудирони озмоишгоҳҳо ва ходимони илмии институт иштирок намуданд. Муфассал...
Яндекс.Метрика