Навидҳо
- Панҷшанбе, 03 Сентябр 2026
Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 2-юми сентябри соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур олимону мутахассисон ва докторантону унвонҷӯёни институт иштирок варзиданд.
Муфассал...
- Сешанбе, 01 Сентябр 2026
Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фархунда бод!
Санаи 31 августи соли 2026 ходими пешбари илмии Озмоишгоҳи энергетика, захира ва энергосарфанамоии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, номзади илмҳои техникӣ, Давлатшо Саломат Қаноат барои дастовардҳо дар самти илмҳои техникӣ, бо “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, инчунин постдокторанти институт Насруллозода Фарҳод Хуҷа, номзади илмҳои техникӣ, бо “Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника ба дастовардҳои намоён ноил гаштаанд” аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гадонида шуданд.
Муфассал...
- Шанбе, 22 Август 2026
35 соли Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат
- Душанбе, 17 Август 2026
Тоҷикӣ
Русский
English