Навидҳо
- Панҷшанбе, 23 Март 2023
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»
Муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо,
Муҳтарам Дабири кулл,
Муҳтарам Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милал,
Ҳозирини гиромӣ,
Шуморо дар ин ҳамоиши муҳимми таърихӣ шодбош гуфта, сипоси амиқи худро ҷиҳати иштироки фаъолатон дар раванди омодагии он иброз менамоям.
Муфассал...- Панҷшанбе, 23 Март 2023
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»
Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,
Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Пеш аз ҳама, шуморо дар ин чорабинии канорӣ таҳти унвони “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” хайрамақдам мегӯям.
Муфассал...- Ҷумъа, 17 Март 2023
Иди Наврӯз муборак!
Ҳамватанони азиз!
Шуморо бо фарорасии иди Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба Шумо аз самими қалб дӯстии мустаҳкам ва сулҳу субот дар оила, шодиву хурсандӣ, барори кор ва дар зиндагӣ барору комёбӣ таманно дорем. Бигзор бо сабзаҳои нави гандум, ҳаёти нави пур аз мӯъҷизаҳо ва танҳо падидаҳои нек, ободию зебоӣ оғоз ёбад!
Муфассал...- Ҷумъа, 10 Март 2023
Вохӯрии ИМО,ГЭваЭ АМИТ ва XIEG
Санаи 9 марти соли 2023 дар маҷлисгоҳи вохӯрии намояндагони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ИМО,ГЭваЭ АМИТ) бо як гурӯҳ ходимони Институти экология ва географияи Шинҷони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин (Xinjiang Institute of Ecology and Geography, Chinese Academy of Sciences, XIEG) баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳайатҳоро аз ҷониби ИМО,ГЭваЭ АМИТ, директори институт, доктори илмҳои техникӣ, дотсент Амирзода О.Ҳ. ва аз тарафи XIEG, директори институти мазкур, профессор Чжан Юанмин роҳбарӣ намуданд.
Муфассал...