wrapper

Навидҳои рӯз

  Имрӯз, санаи 13 июли соли 2026, дар толори Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимони институт баргузор гардид, ки дар он ду нафар унвонҷӯён, ду нафар докторантони PhD ва ду нафар постдокторантони курси якуми институт оиди фаъолияти яксолаи илмии худ ҳисобот доданд.

Ҳадафи гузаронидани ҷаласаи мазкур шиносоӣ бо фаъолияти илмии олимони ҷавон ва натиҷагирӣ аз корҳои илмӣ-тадқиқотии онҳо мебошад. Унвонҷӯён оиди мақсадҳо, натиҷаҳо ва дастовардҳои илмии то имрӯз бадастовардаашон ба ҳозирин маълумот доданд. Баъди маърӯзаҳои докторони PhD, постдокторантон ва унвонҷӯён аз тарафи олимону ходимони илмии институт оиди корҳои илмии онҳо саволҳо ва тавсияҳо дода шуданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласаи мазкур корҳои илмии докторони PhD, постдокторантон ва унвонҷӯён аз тарафи ҳозирин хуб арзёбӣ гариданд.

 
 
 
 
 
 
 
Last modified on Душанбе, 13 Июл 2026
Яндекс.Метрика