wrapper

Навидҳои рӯз

Мақолаҳо

Аҳаммияти конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об

Дар шароити ҷаҳонишавӣ об ба яке масъалаи амнияти иқтисодӣ, субботи иҷтимоӣ ва таъмини рушди устувори кишварҳо табдил ёфтааст. Тайи ду даҳсолаи охир афзоиши босуръати аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, урбанизатсия ва истифодаи ғайрисамараноки захираҳои табиӣ боиси афзоиши талабот ба захираҳои об гардидааст. Дар чунин вазъият ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», аҳаммияти махсус пайдо кардааст. Муфассал...

Тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он барои Тоҷикистон

Обшавии пиряхҳо хатари ҷиддиро ба коҳиши захираҳои об, зиёдшавии офатҳои табиӣ, халалдор шудани низоми экосистемаҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ оварда мерасонад. Дар чунин шароит, таъхир дар андешидани тадбирҳои муштарак метавонад паёмадҳои ҷуброннопазирро ба бор оварад. Аз ин лиҳоз, пешниҳодҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо саривақтӣ, балки барои ояндаи амнияти экологӣ ва рушди устувори инсоният аҳамияти стратегӣ доранд. Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳ» бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ намуда, саҳми назарраси онро дар ҳалли мушкилоти глобалӣ нишон медиҳанд. Ва ин иқдомҳо гувоҳӣ он аст, ки бо иродаи сиёсӣ, дидгоҳи ояндабин ва ҳамкории байналмилалӣ метавон ба ҳифзи захираҳои ҳаётан муҳим ва таъмини ояндаи устувор ноил гардид. Муфассал...

Барномаи бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ-заминаи илмии ояндаи кишвар

  «Ҷавонони кишвар бояд рисолати таърихии хешро дар назди хотираи ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми нерӯи ҷисмониву ақлонии худро ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодиямон сафарбар созанд».   Эмомалӣ Раҳмон Муфассал...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва саҳми Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об

  Ташаббусҳои байналмилалие, ки тайи ду даҳсолаҳои охир бо роҳбарӣ ва пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилали амалӣ гардиданд, масъалаҳои ҳаётан муҳим барои инсоният ба меҳвари сиёсати байналмилали табдил ёфтанд. Ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама, ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, таъмини амнияти экологӣ, коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ равона гардидаанд. Муфассал...
Яндекс.Метрика