wrapper

Навидҳои рӯз

Мақолаҳо

Раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси оби СММ-2023

 Масъалаҳои истифода ва ҳифзи манбаъҳои обӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мубрамияти баланд доранд
Дар байни муаммоҳои экологии замони муосир масъалаи обшавии пиряхҳо, ки ҳамчун захираи бунёдии оби тозаи ошомиданӣ дониста мешавад, ба мушкилоти муҳимми ҷомеаи башарӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, ин ва дигар масъалаҳо, хосса зуҳуроти тағйирёбии иқлим, норасоии оби нӯшокӣ, обшавии пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии инсоният дар меҳвари ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Муфассал...

Обшавии пиряхҳо — зарурат барои тадқиқоти муштараки илмӣ

  Соли 2009 зимни баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйир­ёбии иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор дош­танд: «Тоҷикис­тонро метавон намунаи сайёра шуморид, зеро дар ҳудуди на он қадар бузурги кишвари мо қариб тамоми минтақаҳои иқлимиро бо тафриқаи ҳарорати аз 50 дараҷа гармӣ то 60 дараҷа сардӣ дучор омадан мумкин аст. Чунин шароит барои ташкил намудани мушоҳидаҳои пайвас­та ба иқлим ва гузаронидани корҳои илмиву тадқиқотӣ дар ин соҳаи муҳим заминаи хуб аст. Мувофиқи ақидаи олимон, таҳқиқи танҳо пир­яхи Федченко, ки яке аз пиряхҳои калонтарини олам мебошад, имкон медиҳад тағйирёбии иқлим дар якчанд ҳазорсолаи охир муайян карда шавад. Натиҷаҳои ин таҳқиқот, бешубҳа, дар рушди илми ҷаҳонӣ оид ба иқлим нақши муҳим хоҳанд бозид».

Муфассал...

Рушди иқтисоди сабз ва энергияи сабз дар меҳвари Паёми Пешвои миллат

  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-уми декабри соли 2022 ироа гашт, ки он дастоварду комёбиҳо ва камбудиҳои соли гузашта, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои давраҳои оянда барномарезӣ карда, дар маҷмўъ, ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар рабт дошт. Ҳамасола дар қатори хизматчиёни давлатӣ, дар маҷмуъ ҳар як сокини Тоҷикистон бо диққат ва таваҷҷуҳи хосса ироаи Паёмро тамошо карда, нақшаҳо, дастурҳо ва супоришҳои зикршударо сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, ҳамчун дастури рўимизӣ дар давоми сол аз он истифода менамоянд. Зеро дар Паём ҳамасола рушду пешрафт, дастоварду комёбиҳо ва камбудию норасоиҳои тамоми соҳаҳои фаъолият дар кишвар, аз ҷумла, иқтисодиёт, сармоягузорӣ, илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ давоми ҳар сол ба таври комил таҳлилу баррасӣ мегарданд. Аз ин рў, ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун барномаи мукаммали як ва якчандсолаи ҳаёт ва фаъолияти минбаъда аз Роҳбари давлат, кормандони тамоми мақомоти давлатӣ ва механизми давлат, инчунин ташкилоту муассисаҳо, то ба шаҳрвандон ва кўдакони хурдсолро муайян менамояд, зеро Сарвари давлат дар он ба таври мушаххас ва ошкоро тамоми самтҳои фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои дигарро таҳлил намуда, тадбирҳо ва пешниҳодҳоро баҳри ба давлати иҷтимоӣ, демократӣ ва аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта мубаддал гардонидани мамлакат нишон медиҳанд.

Муфассал...

«Роғун» - минбари ифтихор ва арсаи номуси миллат!

  Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрўзу оянда хизмат мерасонадОн барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорадБаъди ба истифода додани неругоҳ имкон астки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муфассал...
Copyright © 2024 Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология. All Rights Reserved.
Яндекс.Метрика