Шӯрои диссертатсионии байнидавлатии Д 25.17.544 КОА Ҷумҳурии Қирғизистон назди Институти масъалаҳои об ва гидроэнергетикаи АМИ Ҷумҳурии Қирғизистон, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо салоҳияти дифоъ кардани рисолаҳо дар се ихтисоси илмӣ: 25.00.07 - Гидрогеология (дар илмҳои геологӣ-минералогӣ ва техникӣ); 25.00.08 - Геологияи муҳандисӣ, яхбандии абадӣ ва хокшиносӣ (дар илмҳои геологӣ-минералогӣ ва техникӣ); 25.00.27 - Гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия (дар илмҳои техникӣ ва ҷуғрофӣ) фаъолият менамояд.
Ҳамчунин, бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии (КАО) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2022 дар назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-059 оид ба ҳимояи диссертатсияҳои номзадӣ ва доктори PhD аз руйи ихтисосҳои 25.00.00 – Илмҳои заминшиносӣ (6D061000 – Гидрология) ва 05.23.00 – Сохтмон ва меъморӣ (6D074400 – Сохтмони гидротехникӣ ва иншоот) ба фаъолият оғоз намуд.