wrapper

Навидҳои рӯз

  Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудааст.  Дар ин самт,  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз  минбарҳои бонуфузи  созмонҳои  байналмилалӣ пешниҳодҳои мушаххас, созанда ва дурнамосоз ироа намуда, ҳоло аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускори ин соҳаи ҳаётан муҳим пазируфта шудааст.

  Мубрам будани масъалаҳои  истифода ва ҳифзи манбаъҳои об барои ҷомеаи ҷаҳонӣ. Боиси сарфарозист, ки дар натиҷаи талошҳои зиёд аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли даврони соҳибистиқлолӣ масъалаҳои вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд мақоми хосса пайдо намуда, мавриди баррасии дақиқ қарор дода шуд, ки аксари ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли масоили об пешниҳодгардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд.

  Вобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кушодани роҳ ба сӯйи ояндаи дурахшон ва нақш гузоштан дар ҳалли проблемаҳои муҳими ҷаҳонӣ сиёсати хориҷиро таҳия ва роҳандозӣ намуд, ки айни замон дар амал татбиқ шуда истодааст. Барои тарҳрезӣ намудани сиёсати хориҷии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муҳим гузоштааст, ки ин талошҳо дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ ниҳоят бузург ва саривақтӣ маҳсуб меёбанд.

Яке аз равандҳои муҳим ва меҳваронаи иқдомоти байналмилалии Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ ин густурда ва ҳамоҳанг сохтани сиёсати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар самти ҳалли масъалаҳои истифода ва ҳифзи манбаъҳои об барои мавҷудияти бардавоми насли инсоният ташкил медиҳад. Дар баробари ин, ба яке аз омилҳои муҳими ҳамкорӣ ва кафили сулҳ табдил ёфтани обро ба ҳам омадани намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар форумҳои сатҳи байналмилалии об собит менамояд.

Аз ҷумла, ташаббуси нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза аз ҷониби 148 кишвари ҷаҳон дастгирии пурра ёфта, ин кишварҳоро дар ҳалли як масъалаи пураҳамият гирди ҳам овард. Танҳо дар Форуми байналмилалии оби тоза соли 2003 дар шаҳри Душанбе намояндагони 53 кишвар, 91 созмони байналмилаливу муассисаҳои марбута, намояндагони барҷастаи доираҳои илмӣ, коршиносони ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон, намояндагони 40 созмонҳои ғайридавлатӣ, муассисаву марказҳои илмӣ ва олимони машҳури ҷаҳон ширкат варзиданд.

Чунин маълумоти оморӣ, агар аз як ҷониб муҳим будани ҳалли масъалаи обро барои тамоми қишрҳои ҷомеаи ҷаҳон нишон диҳад, аз ҷониби дигар хусусияти муттаҳидкунӣ доштани ташаббуси Пешвои миллатро дар масъалаи об нишон медиҳад. Инчунин дар доираи форуми мазкур 18 чорабинии махсус баргузор гардида, мушкилоти марбут ба об дар миёни ҳукуматҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимон ва коршиносони шинохта мавриди баррасии васеъ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори меҳварии ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонии об. Воқеан, ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои об муҳим ва саривақтӣ маҳсуб мегарданд, зеро тибқи маълумотҳои созмонҳои минтақавию байналмилалӣ зиёда аз 750 миллион нафар ба оби нӯшокии безарар дастрасӣ надошта, интизор меравад, ки бо дарназардошти афзоиши тадриҷии аҳолӣ то соли 2030 қариб 40 дарсади аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор гарданд.

Албатта мо метавонем инъикоси ташаббусҳои созанда ва бевоситаи Пешвои муаззами миллатро дар ҷодаи ҳифзи захираҳои обии ҷаҳонӣ дар марҳилаҳои зайл мушоҳида намоем:

— пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (МУ СММ, 1 октябри 1999) — эълон намудани соли 2003 — Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август — 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид;

— пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”. 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард;

— ташаббуси эълон намудани соли 2013 ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об. Соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ, бинобар Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 67/204, ки муаллифаш Тоҷикистон аст, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд намуд. Маросими оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж 11 феврали соли 2013 баргузор гардид.

— пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”. 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2018-2028-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард. Қобили зикр аст, ки ташаббуси мазкур бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 апрели соли 2015 зимни баргузории Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея ироа гардида буд.

Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2003 то соли 2010 дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои гуногуни об гузаронида шуд, ки муҳимтаринашон инҳо мебошанд:

— Форуми байналмилалии оби тоза, 29 август – 1 сентябри соли 2003;

— Конфронси байналмилалӣ доир ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои байнисарҳадӣ, 30 май – 1 июни соли 2005;

— Конфронси байналмилалӣ доир ба коҳиш додани офатҳои табиии марбут ба об, 27 — 29 июни соли 2008;

— Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамӯҳлати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005 – 2015, 8 -10 июни соли 2010.

Бояд қайд намуд, ки ҷонибдорӣ ёфтани 4 ташаббуси глобалии экологии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли масъалаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи об дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи махсусро ишғол менамояд.

Бахшида ба оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», рӯзи 22 марти соли 2018 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чорабинии сатҳи баланд доир гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳайси роҳбари кишвари ташаббускори масоили об дар он иштирок ва суханронӣ намуданд.

Яке аз ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маърӯза дар чорабинии мазкур «эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андӯхта ва ҳамкориҳо дар соҳаи об» баён намуданд.

Дар шароите, ки афзоиши аҳолӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ, тағйирёбии иқлим ба чашм мерасад, таъмини дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ зери суол меафтад. Воқеан, суръати афзоиши ин омилҳо ба дастрасӣ ба ин неъмати бебаҳо бетаъсир намемонад.

Тибқи маълумоти мутахассисон кишвари мо аз рӯйи бузургии ҳаҷми захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон мақоми 8-ум ва аз рӯйи ҳаҷми қиёсии захираҳо (ба ҳар сари аҳолӣ ва ба ҳар 1 км. ҳудуд), мутаносибан, ҷойҳои аввалу дуввумро ишғол менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 25 ҳазор дарё ва дарёчаҳо, зиёда аз 10 000 пирях ва кӯлҳои зиёде, ки дар онҳо 20 км³ обҳои нӯшокӣ захира шудаанд, ҷойгир мебошанд.

Бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50 дарсади аҳолии ҷаҳон бо мушкилии норасоии об рӯ ба рӯ мегарданд. Илова бар ин, раванди биёбоншавӣ, афзудани офатҳои табиии вобаста ба об ва ғайраҳо, ки ба захираҳои обӣ ва сифати он таъсири манфӣ мерасонанд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ татбиқи чораҳои фавриро талаб мекунанд.

Дар асоси андешаҳои боло, бояд тазаккур дод, ки барои расидан ба ҳадафҳои меҳварии сиёсати давлативу умумибашарӣ оид ба ҳифзи захираҳои обӣ зарур аст, ки тамоми давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ новобаста аз эҳтиёҷмандиашон нисбат ба ин захираи табиӣ ташаббускорӣ ва ҳамбастагии иттифоқиро тақвият бахшанд. Истифодаи беҳтари захираи обҳои фаромарзӣ ба ҳамкории зичи миёни кишварҳои ҳамсоя бештар вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳамкорӣ ва ҳамгироии байни кишварҳои ҳамсояи наздисоҳилӣ дар таъмини истифодаи босуботи об барои наслҳои оянда нақши муҳим мебозад.

Дар баробари ин, яке аз ҳадафҳои бунёдии расидан ба мақсадҳои пешгузоштаи давлат оид ба беҳдошти вазъи экологӣ, ҳамчунин ҳифзи захираҳои обӣ мақоми ҳар як узви ҷомеа низ калидӣ арёбӣ карда мешавад.

Рушди қонунгузории миллӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат. Таҳлили ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат аз он дарк медиҳад, ки чунин ташаббусҳо на танҳо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии истифодаи захираҳои обӣ, балкӣ ҷиҳати роҳандозӣ намудани ислоҳоти қонунгузории соҳаи об нақши муҳиму созада ва бунёдӣ доранд.

Зеро дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти соҳаи об, гузариш ба шаклҳои нави идоракунӣ, таъсиси институтҳои нав ва такмили қонунгузории соҳа ба миён омаданд.

Ҳамзамон дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи об баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ пурра ислоҳоти ҳуқуқӣ гузаронида шуд. Дар баробари пешрафти соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вазъи ҷомеа низ тағйир ёфта, барои ба танзим даровардани муносибатҳои муҳимми соҳаи об зарурати қабули санадҳои нав ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда пеш омад.

Қонунгузории ҷорӣ дар соҳаи об, аз ҷумла Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи об, аз ҷумла гузариш ба принсипи идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об ва ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмил дода шуда, дар таҳрири нав қабул гардид.

Айни замон заминаи мукаммали қонунгузории соҳа бо дарназардошти ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, дар асоси роҳнамоии ин ташаббусҳо Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2020, №1688, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» аз 19 июли соли 2019, №1633, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» аз 2 январи соли 2020, №1668 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣаз ҷумла ҳуҷҷатҳои муҳими барномавӣ, ба монандӣ «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №791; «Барномаи беҳсозии таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нушокӣ барои солҳои 2008-2020» ва «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, №90 таҳия ва қабул карда шудаанд.

Чунин асосҳои танзими ҳуқуқии масъалаҳои об дар сатҳи қонунгузории миллӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ идомаи мантиқии татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли проблемаҳои умумиҷаҳонии об буда, бо мақсади роҳандозӣ гардидани Ҳадафҳои Рушди Устувор дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” мусоидат менамояд.

 

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

https://khovar.tj/2022/06/tashabbus-oi-bajnalmilalii1-prezidenti-um-urii-to-ikiston-zaminai-me-var-dar-alli-masoili-ob-andesha-oi-doktori-ilm-oi-u-u-shinos-professor-emomal-nasriddinzoda/ 

Last modified on Чоршанбе, 04 Октябр 2023
Яндекс.Метрика