Навидҳо
- Ҷумъа, 14 Октябр 2022
Дифоии рисолаи докторӣ фархунда бод!
Санаи 24 сентябри соли 2022 дар ҷаласаи шӯрои илмии DSc.41/30.04.2021.Т.131.01 дар назди Институти илмӣ-тадқиқотии ирригатсия ва масъалаҳои оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳимояи рисолаи доктории Сардори Бахши илмӣ-таълимӣ ва таҳлилии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулаҳмадов Аминҷон Абдуҷабборович дар мавзӯи «Моделкунонии таъсири тағйирёбии иқлим дар ташаккули оброҳа ва реҷаи гидравликии дарёи Вахш» баргузор гардид.
Муфассал...- Ҷумъа, 19 Август 2022
Асари сегонаи ифшогари рози Роғун
Ходими илмии озмоишгоҳи сифати об ва экологияи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Асоев Ҳасан Мирзоевич миёни хосу ом чун коршиноси варзидаи масоили обу иқлим, экологияву муҳити зист ва инчунин, таблиғари дастоварду донишҳои илмӣ шинохта шудааст. Зеро муҳаққиқ дар баробари шарҳу тавсеҳи ҳаводису равандҳои экологӣ тавассути матбуоти даврӣ, радио, телевизион, инчунин дар таблиғгари илму донишҳои илмӣ саҳми назаррас дорад. Тавъам ба фаъолияти дигар Ҳасан Асоев пажӯҳишгари нуктасанҷ ва муҳаққиқи пурмаҳсул буда, корҳои илмӣ-тадқиқотии ӯ ба масоили ҳифзи генофонд ва дар заминаи арзишҳои илмӣ ҷустуҷӯй намудан ва ҳифз кардани манофеи миллию умумибашарӣ бахшида шудаанд. Дар робита ба ҳалли масоили глобалии экологӣ, минҷумла ҳифзи генофонд вобаста ба мавқеи географию орографии маҳал дар сатҳҳои локалӣ ва минтақавӣ як қатор тадқиқот анҷом дода, ҳалли онҳоро аз дидгоҳҳои мухталифи илмӣ пешниҳод кардааст. Маҳз дар заминаи ковишҳову пажӯҳишоти бисёрсолааш Ҳасан Асоев асарҳои «Гумбази намаки Хоҷамӯъмин» (1994, 38 саҳ.), «Вазъи экологии шаҳри Душанбе» (1995, 30 саҳ.), «Масъалаҳои муҳимтарини экологияи муосир» (1997, 68 саҳ.), «Мамнуъгоҳҳои Тоҷикистон: тавсифи умумӣ ва вазъи экологӣ» (1999, 94 саҳ.), «Баъзе масъалаҳои экологии Тоҷикистон» (2000, 88 саҳ.), «Парваришгоҳи Сари Хосор» (2002, 90 саҳ.), «Экотуризми Сари Хосор: муаммо, мушкилот ва дурнамои он» (2013, 96 саҳ.) ва ғайраро таълиф намудааст.
Муфассал...- Душанбе, 08 Август 2022
Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди уствувор, солҳои 2018- 2028”
Мактуби иттилоотӣ
Ҳамкорони гиромӣ!
Шуморо барои иштирок дар кори Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди уствувор, солҳои 2018- 2028” ва 20-солагии таъсисёбии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки рӯзҳои 5 – 6-уми октябри соли 2022 баргузор мегардад, даъват менамоем.
Муфассал...- Якшанбе, 12 Июн 2022
Иштироки кормандони Институти дар Намоиши байналмиллалии «Об барои рушди устувор»
Иштироки кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ дар Намоиши байналмиллалии «Об барои рушди устувор», ки аз 06 то 09 июни соли 2022 дар Комплекси давлатии «Кохи Сомон» дар доираи гузаронидани Конфронси дуюми байналмиллалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028».
Муфассал...