wrapper

Навидҳои рӯз

  Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM, ки аз 6 то 8 ноябр дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баргузор мешавад, иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

  Ба ҳайат Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Презиженти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои хизматрасони самти сайёҳӣ, намояндагони васоити ахбори омма, роҳбарони корхонаҳои истеҳсоли армуғонҳо, роҳбарон ва омӯзгорони донишгоҳҳои ватанӣ, ки мутахассисони соҳаи сайёҳиро омода менамоянд, шомил мебошанд.

Дар ҳошияи намоишгоҳ ҳайати эҷодии шабакаи телевизионии «BBC World News» дар бораи маводи видеоӣ, ки аз ҷониби ин шабакаи бонуфузи ҷаҳонӣ оид ба иқтидори сайёҳӣ ва тарғибу ташвиқи зарфиятҳои соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст, ба ҳозирин тариқи рӯнамо маълумот пешниҳод намуда, онро барои истифода ба таври расмӣ ба намояндагони Тоҷикистон тақдим намуд.

Қобили тазаккур аст, ки ин маводи видеоӣ ҳамчун реклама оид ба иқтидори сайёҳии мамлакат тавассути шабакаи телевизионии «BBC World News» пахш мегардад ва дар ояндаи наздик тариқи шабакаи телевизионии «Euronews» низ пахш хоҳад шуд.

Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии ватанӣ барои тавсеаи ҳамкории мустақим бо дигар ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ ёддоштҳои тафоҳум ба имзо мерасонанд.

Бояд гуфт, ки бо дастгирии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар намоишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) аз соли 2008 инҷониб дар чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок намуда,  захираҳои сайёҳии ҷумҳуриро дар арсаи байналмилалӣ таблиғ менамоянд.

Last modified on Сешанбе, 07 Ноябр 2023
Яндекс.Метрика