wrapper

Навидҳои рӯз

 

  Санаи 30 августи соли 2023 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуданд. Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, мудири Сохтори илмӣ-таълимӣ ва таҳлилии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, доктори илмҳои техникӣ, Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор барои дастовардҳо дар самти илмҳои техникӣ ва технологӣ ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд сарфароз гадонида шуд.

   Дар таърихи беш аз 20-солаи Институти масъалаҳои об, гидроэнегетика ва экологияи АМИТ маротибаи нахустин аст, ки кормандони институт ба чунин ҷоизаи сатҳи баланди давлатӣ мушарраф мегарданд.

                                         

 

Last modified on Шанбе, 02 Сентябр 2023
Яндекс.Метрика