Навидҳо
- Ҷумъа, 24 Феврал 2023
Дифои кори илмии баъдидокторӣ фархунда бод!
10 феврали соли 2023 д-р Аминҷон Гулаҳмадов дар Академияи илмҳои Чин кори илмии баъдидоктории худро дар мавзӯъи «Арзёбии таъсири эҳтимолии тағйирёбии иқлим ва фаъолияти инсон ба захираҳои обӣ» дифоъ намуд. Соли 2020 ӯ унвони доктории худро дар доираи барномаи Ташаббуси байналмилалии стипендияҳои президенти Академияи илмҳои Чин (CAS PIFI) гирифтааст.
Муфассал...- Сешанбе, 21 Феврал 2023
Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масоили об
Санаи 20.02.2023 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявии «Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об» баргузор шуд. Дар конференсия кормандони Дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, як қатор роҳбарону масъулини ҳизбии шаҳру навоҳии кишвар, роҳбарони масъулини институту марказҳои илмию тадқиқотии АМИТ ва олимону коршиносон иштирок намуданд.
Муфассал...- Чоршанбе, 08 Феврал 2023
Нишасти матбуотии АМИТ
Имрӯз (08.02.2022) дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишасти матбуотии муассисаҳои илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ бо иштироки намояндагони Васоити ахбори омма баргузор шуд. Нишастро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, ҷиҳати пешниҳоди маълумоти мухтасар оид ба фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон изҳори андеша намуд. Номбурда, аз ҷумла чунин гуфт: Вазъи кунунии ҷаҳони муосир бо дарназардошти таҳияи ҷангҳо ва бархурди Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) бо қудратҳои Шарқ дар мисоли Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии мардумии Чин олимонро водор мекунад, ки ҷиҳати сарнавишти минбаъдаи башар консепсияҳои судманд таҳия намоянд. Гузашта аз ин, натиҷаи офатҳои табиӣ, бахусус заминларза дар Сурияву Туркия ва ҳалокати ҳазорҳо нафар ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистонро водор мекунад, ки андар ҷавобгӯ будани биноҳои серқабата ва низоми сейсмикии кишвар тафаккур кунад.
Муфассал...- Душанбе, 23 Январ 2023
Дастоварде аз озмуни экологии парлумон
Мусаллам аст, ки моҳи феврали соли 2022 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади мусоидат ба ҳалли масоили экологӣ ва инчунин, ҷалби олимону мутахассисон, рӯзноманигорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тақвияти маърифати экологии аҳолӣ озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзуъҳои «Маърифати экологӣ» ва «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим»-ро эълон намуд ва озмунҳои фавқ аз 1 март то 1 декабри соли 2022 баргузор гардида, 20 январи соли 2023 ҷамъбаст карда шуданд.
Муфассал...