wrapper

Навидҳои рӯз

Навидҳо

Ташвиқу тарғиби Паёми Пешвои миллат дар Ташкилоти “Рушди устувор”

  Санаи 27 январи соли 2026 дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рушди устувор”-и КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд: Муфассал...

Хушхабари муҳими илмӣ!

  Давлатшоев Саломат Қаноатшоевич ба ҳайси узви пайваста (академик)-и Академияи муҳандисии Тоҷикистон интихоб гардид, ки ин далели эътирофи саҳми арзандаи устод дар рушди илм ва муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муфассал...

Тақвияти ҳамкориҳо барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор 6.1 ва 6.2 дар Тоҷикистон

  Вохӯрии намояндагони ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

  Зимни мулоқот масъалаҳои дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор, таъсири тағйирёбии иқлим, баргузории чорабинии канорӣ дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд «Об барои рушди устувор» (2018–2028) ва саҳми тадқиқоти илмӣ дар расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор 6.1 ва 6.2 баррасӣ шуданд.

Муфассал...

Маросими муаррифии дастовардҳои марҳалаи аввалини ҳамкории байниҳукуматии илмӣ ва технологӣ байни Чин ва Тоҷикистон

  Имрӯз, 10 декабр дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазорати экология ва муҳити зисти Чин, ширкати Hebei Sailhero Environmental Protection маросими муаррифии дастовардҳои марҳалаи аввалини ҳамкории байниҳукуматии илмӣ ва технологӣ байни Чин ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Муфассал...
Яндекс.Метрика