wrapper

Навидҳои рӯз

 Имруз санаи 25 июни соли 2026 дар Шурои дисертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи рисолаи доктории корманди институт баргузор гардид. Ходими пешбари илмӣ Давлатшоев Саломат Қаноатшоевич дар мавзуи “Рушди назария ва усулҳои идоракунии реҷаи полоишӣ дар зерасоси сарбандҳои баландфишор” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 2.1 Геология, геодезия, гидрология, сохтмон, меъморӣ (2.1.8. Сохтмони гидротехникӣ) рисолаи доктории худро ҳимоя намуд.

Кори диссертатсионӣ дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ иҷро карда шудааст.

Роҳбари илмии рисолаи мазкур доктори илмҳои техникӣ, профессор Фазилов Алӣ Рахмаджанович (Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ) буд.

Дар рафти ҳимоя Давлатшоев С.Қ. ба ҳозирин натиҷаҳои кори илмии худро пешкаш намуда, аҳамиятнокии ин натиҷаҳоро исбот намуд. Аъзоёни Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи Давлатшоев С.Қ.-ро баланд арзёбӣ намуда, барои ноил шуданаш ба дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ дастгирӣ карданд.

Рисолаи доктории Давлатшоев Саломат Қаноатшоевич  бо мақсади дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ аз рўи ихтисоси 2.1.8 “Сохтмони гидротехникӣ” пешниҳод гардидааст.

Яндекс.Метрика