wrapper

Навидҳои рӯз

Навидҳо

Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ

  Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таълимиро бо шарикони минтақавӣ идома медиҳад.
  Дар доираи рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мулоқоти корӣ бо намояндагони Донишгоҳи политехникии Ҷизах баргузор гардид, ки ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти таҳқиқоти илмӣ, табодули академӣ ва омодасозии кадрҳо равона шудааст. Муфассал...

Нақши агрегати ҳафтуми НБО-и Норак дар баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва таҳкими истиқлоли энергетикӣ

  Саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи энергетика ҳамчун яке аз омилҳои калидии таъмини истиқлоли энергетикӣ ва пешрафти иқтисодии кишвар муҳим ва арзишманд арзёбӣ мегардад. Дар шароите, ки пас аз ба даст овардани истиқлол, кишвар бо норасоии ҷиддии неруи барқ рӯ ба рӯ гардид.
Сиёсати пайгирона ва дурбинонаи Пешвои миллат ба рушди гидроэнергетикаи кишвар заминаи устувор гузошт. Дар ин замина, татбиқи лоиҳаҳои бузург, аз ҷумла таҷдид ва навсозии Неругоҳи барқи обии Норак ва сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун, ба самти афзалиятнок табдил ёфт. Ин иқдомҳо барои афзоиши иқтидори истеҳсол, коҳиши вобастагӣ аз манбаъҳои беруна ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат намуданд. Муфассал...

Ҷаласаи аввали Мизи мудаввар оид ба идоракунии обҳои зеризаминӣ дар Душанбе баргузор гардид.

  16 апрели соли 2026 дар Душанбе аввалин ҷаласаи Мизи мудаввар оид ба идоракунии обҳои зеризаминӣ баргузор гардид. Он аз ҷониби Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи "Идоракунии обҳои зеризаминӣ дар вилояти Суғд" ташкил карда шуд. Ҷаласа, ки таҳти раёсати директори Институт баргузор гардид, ҳамчун чорабинии муҳим барои муколамаи байниидоравӣ ва байналмилалӣ, ки ба таҳияи равишҳои ҳамоҳангшуда дар идоракунии захираҳои обҳои зеризаминӣ нигаронида шудааст, хизмат кард.

Муфассал...

Тренинг оид ба таҳкими устувории иқлимӣ ва ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид

  Санаи 10 апрели соли 2026 Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, дар доираи лоиҳаи «Тақвияти устувории кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи арзёбии системаҳои баландкӯҳии барфу пиряхҳо бо мақсади таҳияи усулҳои ҳамгирои рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» (ГЭФ–БРСММ–ЮНЕСКО) тренинг баргузор намуд. Муфассал...
Яндекс.Метрика