wrapper

Навидҳои рӯз

Навидҳо

Иштироки кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ дар форуми ҷумҳуриявӣ

  25 июли соли 2026 кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Форуми ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорию металлургия: мушкилот ва дурнамо», ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон (ш. Бустон) баргузор гардид, иштирок намуданд. Муфассал...

Тоҷикистон - ҷонибдори сулҳи пойдор дар ҷаҳон

  Дар таърихи давлатҳо марҳилаҳое мавҷуданд, ки на танҳо сарнавишти як миллатро муайян мекунанд, балки ҷойгоҳ ва нуфузи онро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ низ ташаккул медиҳанд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин марҳила аз барқарор гардидани сулҳу ваҳдати миллӣ оғоз ёфта, имрӯз ба давраи пешбурди ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид расидааст.
Қабули ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар доираи Созмони Милали Муттаҳид идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи кишвар мебошад. Ин ташаббус бозгӯи эътирофи нақши Тоҷикистон дар пешбурди ғояҳои сулҳ, муколамаи созанда ва ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Муфассал...

Баромади постдокторантон, докторони PhD ва унвонҷӯёни институт дар Шурои олимон

  Имрӯз, санаи 13 июли соли 2026, дар толори Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ҷаласаи навбатии Шурои олимони институт баргузор гардид, ки дар он ду нафар унвонҷӯён, ду нафар докторантони PhD ва ду нафар постдокторантони курси якуми институт оиди фаъолияти яксолаи илмии худ ҳисобот доданд.

Муфассал...

Об - меҳвари ҳамгироӣ ё нақши Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об дар ҳалли мушкилоти глобалӣ

  Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои наҷотбахши худ дар соҳаи обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати фаъолу таъсиргузор дар равандҳои муҳими глобалӣ эътироф гардидааст. Кишварҳои ҷаҳон ба нақши фаъоли Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти обии сайёра, ки дар меҳвари он наҷоти аҳли башар қарор дорад, баҳои баланд додаанд. Ҳамин аст, ки роҳбарони давлатҳо ва намояндагону коршиносони воломақоми ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ ҷаҳати муколама, табодули афкор ва дарёфти роҳҳои муосири ҳифзи захираҳои обӣ ба маркази тасмимгириҳои масоили мубрами байналмилалӣ - пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол - шаҳри Душанбе меоянд. Шаҳри Душанбе боз мизбони як ҳамоиши муҳимми ҷаҳонӣ - Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз 25 то 28 майи соли равон гардид.

Муфассал...
Яндекс.Метрика