Навидҳо
- Чоршанбе, 05 Январ 2022
Ҷаласаи умумии солонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
5 январи соли 2022 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии солонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои илмию тадқиқотии АМИТ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа М.Абдуллозода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони воситаҳои ахбори ватанӣ доир гардид, ки дар он гузориши президенти АМИТ Ф. Раҳимӣ оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 мавриди баррасӣ, муҳокима ва тасдиқ қарор гирифт.
Муфассал...- Чоршанбе, 05 Январ 2022
Рушди устувор дар пешорӯи устуворгардии саноат
Санаи 30.12.2021 дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии «Рушди устувор»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Институти мазкур баргузор гардид.
Ҷаласаро директори Институт Амирзода Ориф Ҳамид ифтитоҳ намуда, фаъолияти аъзои ҳизбро дар рушди ҳамаҷонибаи кишвар иқрор намуд.
Муфассал...- Якшанбе, 02 Январ 2022
Баррасии масоили умумӣ ва арзёбии инфрасохтори соҳаи об
Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон монографияи дастаҷамъонаи ходимони илмии Институти масъалаҳои об, гидротехника ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Водохозяйственная инфраструктура в общей системе управления водными ресурсами» («Инфрасохтори хоҷагии об дар системаи умумии идоракунии захираҳои об») ба нашр расид. Монографияи мазкур дар ҳаҷми 172 саҳифа таълиф гардида, аз сарсухан ва 5 боб иборат мебошад. Рӯйхати сарчашмаҳои истифодашудаи ҳар боб дар интиҳои он нишон дода шудаанд.
Муфассал...- Шанбе, 01 Январ 2022
Дифои муваффақонаи рисолаи докторӣ фархунда бод!
Санаи 28 декабри соли 2021 директори Институти масъалаҳои об, гидротехника ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Амирзода Ориф Ҳамид рисолаи доктории худро таҳти унвони «Научно-прикладные основы управления процессом водопользования и гидрохимические особенности водных ресурсов Республики Таджикистан» («Асосҳои илмӣ-амалии идораи раванди истифодаи об ва хусусиятҳои хоси гидрохимиявии захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон»), дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-016 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ муваффақона дифоъ намуд.
Муфассал...