Номзади илмҳои техникӣ Степанова Наталья Николаевна 21 марти соли 1950 дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омада, соли 1972 факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба поён расонидааст. Пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатиашро дар Сектори математикаи татбиқии Шуъбаи математика бо маркази ҳисоббарории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (собиқ Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон) оғоз намудааст. Сипас, соли 1979 барои таҷрибаомўзӣ ба Шуъбаи гидрофизикаи Институти масъалаҳои оби Академияи илмҳои собиқ ИҶШС (шаҳри Москва), ки институти навташкил буд (24 ноябри соли 1967 таъсис ёфтааст), сафарбар мегардад. Пас аз адои муҳлати таҷрибаомӯзӣ ва чанд соли фаъолияти тадқиқотӣ, дигарбора ба институти мазкур ҳамчун аспиранти мақсаднок равона карда мешавад.
Баробари таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ба институти мазкур гузариш намуда, дар ибтидо (то соли 2003), дар вазифаи котиби илмӣ фаъолият менамояд. Баъдан, моҳи сентябри соли 2003 ба вазифаи муовини директор оид ба илм интихоб гардида, то моҳи майи соли 2021 дар ин вазифаи роҳбарию пурмаъсул фаъолият менамояд.
Мавсуф давоми фаъолияти пурсамари илмӣ, тадқиқотӣ ва роҳбарии хеш ба дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ (аз рӯи ихтисоси 25.00.27 – Гидрологияи хушкӣ, захираҳои об, гидрохимия) ва унвони илмии ходими калони илмӣ шарафёб гардида, муаллифи беш аз 30 корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаҳои моделкунонӣ, барномасозӣ, механикаи моеъҳо, гидрофизика, гидрохимия ва умуман, масоили марбут ба захираҳои об мебошад.
Last modified on Сешанбе, 12 Сентябр 2023