wrapper

Навидҳои рӯз

  Таҳти чунин унвон ва бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 31 – солагии Иҷлосияи таърихию тақдирсози 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ Ҳамоиши илмию амалии вилоятӣ баргузор гардид.
   Дар кори Ҳамоиш Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, мудири бахши Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Қувватзода Саидулло Зувайд, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, Рӯдобаи Мукаррам, сардори Раёсати масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Амин Иброҳим, Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Амирзода Ориф Амид, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, директори маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Абдуллоҳи Раҳнамо, сардори Сарраёсати обу энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Абдуразоқзода, ходими калони шуъбаи таърихи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ ба номи Аловуддин Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Қурбоншоев Илҳом Ҷумъахонович иштирок ва суханронӣ карданд.
  Дар даромадгоҳи театри мусиқию мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ, ки макони баргузории Ҳамоиш интихоб шуда буд, ҳайати расмиро хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо дастагули рақсу мусиқӣ истиқбол гирифтанд.
  Сипас, ҳайати расмӣ ва иштирокчиёни Ҳамоиш аз маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилоят, расму мусаварраҳои марбут ба масълаҳои тағйирёбии иқлим ва об, дидан намуданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни ифтитоҳи кори Ҳамоиш меҳмоноро ба вилоят хайра мақдам гуфта, барои баргузории чорабинии мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ баён кард.
  Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни баррасии мавзӯи “Иқдому ташаббусҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон – муаррифкунандаи миллату давлати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ”, таъкид бар он дошт, ки ҳадафи асосии Ҳамоиш, ин дар заминаи иқдомҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, тайи зиёда аз ду даҳсола, дар сатҳи ҷаҳонӣ, вобаста ба иқлим ва об пешниҳод, қабул ва амалӣ гашта истодаанд, тавсеаю густариш додани фаъолияти фаҳмондадиҳӣ, ташвиқотӣ ва дар ин росто, дар амал татбиқ намудани сиёсати марбутаи давлату ҳукумат мебошад.
  Зикр гардид, ки бо рушду инкишофи соҳаи саноат, технологияи гуногун, алалхусус, оғоз аз асрҳои миёна, талаботи инсоният ба ҳамагуна неъматҳои табиӣ бамаротиб зиёд шуда, истихроҷ, истеҳсол ва истеъмоли онҳо хусусияти идоранашавандаро касб намуда, дар асри 21 инсониятро бо мушкилоти рақами як, яъне экологӣ, рӯ ба рӯ намуд. Партофти ифлосиҳои гуногуни химиявию истеҳсолӣ ба атмосфера, ҳарорати муқаррарии онро баланд мебардорад, ки дар натиҷаи гармии бесобиқа, яху прияхҳо об, сатҳи обҳои ҷаҳонӣ баланд, хушксолӣ ва теъдоди офатҳои табиӣ зиёд гашта, ҳамасола, хисороти калони молиявию моддӣ ва ҷонӣ ба амал меояд.
  Маҳз ҳамаи ин ва дигар омилҳои хатарзои тағйири иқлим, инчунин, масъалаҳои марбут ба маъмурият, идоракунӣ, тақсимоти оқилонаву одилона ва ҳифзи яке аз унсурҳои асосии мавҷудияти ҳаёт- обро ба инобат гирифта, дар заминаи хиради азалӣ, нозукбинӣ ва дурандешии олимона Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар радифи ҳалли мушкилоти сиёсию иқтисодии солҳои 90-уми асри гузашта, ҳамчунин, ба масъалаҳои ҳифзи табиат, муносибати мутавозуну одилона ба неъматҳои табиӣ ва ҳалли ҳар чӣ тезтару натиҷабори масоили марбут ба об, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
  Дар идомаи Ҳамоиш Қувватзода Саидулло Зувайд, мудири бахши Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ дар мавзӯъҳои “Дипломатияи об, таърихи пайдоиш ва раванди рушди он”, Рудобаи Мукаррам, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, - “Иқдоми сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-омили ваҳдату ҳамбастагии башарият”, Одиназода Амин Иброҳим, сардори Раёсати масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳумҳурии Тоҷикистон - “Арзёбии иқтисодии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои ҷаҳон ва ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат вобаста ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта”, Амирзода Ориф Ҳамид, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - “Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳо вобаста ба обу иқлим”, Абдуллоҳи Раҳнамо, аъзои Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, - “Моҳият ва аҳамияти миллӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва байналмилалии ташаббусҳои Пешвои миллат дар масъалаи обу иқлим”, Далер Абдуразоқзода, сардори Сарраёсати обу энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Ташабуссҳои глобалии Ҷумуҳурии Тоҷикистон оид ба об ва нақши онҳо дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба об”, Қурбоншоев Илҳом Ҷумъахонович, ходими калони шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Аловуддин Баҳовуддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа - “Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои об” маърӯзаҳо ироа намуданд.
 
Last modified on Ҷумъа, 24 Ноябр 2023
Яндекс.Метрика