wrapper

Навидҳои рӯз

Имрӯз, 17-уми ноябри соли 2026, хонандагони Гимназияи хусусии ба номи Абурайҳони Берунӣ дар шаҳри Душанбе, ки аъзои Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон мебошанд, ба Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварданд.
 
Зимни боздид хонандагон бо директори институт, доктори илмҳои техникӣ Гулахмадзода Аминҷон Абдуҷаббор вохӯрӣ анҷом дода, бо фаъолияти институт ва самтҳои асосии таҳқиқоти илмии он шинос шуданд.
Ҳамзамон, хонандагон аз озмоишгоҳҳои институт дидан намуда, бо таҷҳизоти замонавии илмӣ-таҳқиқотӣ аз наздик шинос шуданд. Мутахассисони институт оид ба тарзи истифода, имконият ва аҳаммияти таҷҳизоти мазкур маълумоти муфассал пешниҳод карданд.
 
Чунин боздидҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва тақвияти шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ, инчунин технологияҳои муосир заминаи мусоид фароҳам меоранд.
 
Институт ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияҳо, литсейҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олиро бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ муҳим арзёбӣ намуда, онҳоро ба густариши чунин ҳамкориҳо даъват менамояд. Зеро шиносоии наздики хонандагону донишҷӯён бо олимон, муҳаққиқон ва дастовардҳои илми муосир метавонад дар интихоби роҳи ояндаи касбӣ ва ҷалби онҳо ба фаъолияти илмӣ нақши муҳим гузорад.
 
Дар фарҷоми вохӯрӣ директори институт ба роҳбарияти Гимназияи хусусии ба номи Абурайҳони Берунӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди шавқу рағбати хонандагон ба илм, бахусус фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ, изҳори сипос намуданд.
 
913505331_122314194944192650_1496477460268303425_n.jpg
 
 
Last modified on Чоршанбе, 25 Ноябр 2026
Яндекс.Метрика