Конференсияҳо

- Панҷшанбе, 02 Сентябр 2021
«Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об»
Имрўз бо иқдоми пешгирифтаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об» баргузор гардид. Дар кори Конференсия Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмазода, намояндагон аз Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикисон, муовини раиси Кумитаи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Хирадмандон»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин олимону кормандони собиқадори соҳаи об иштирок дошатнд.
Муфассал...
- Ҷумъа, 02 Июл 2021
Суханронӣ дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар сиғаи видеоконференсия
Муҳтарам аъзои Панели Сатҳи баланд,
Муҳтарам Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Нахуст, мехоҳам аз оғози фаъолияти ташаббуси нав, ки ду масъалаи бисёр ҳам мубрами рӯзномаи муосири рушд, яъне обу иқлимро ба ҳам меорад, истиқбол намоям.
Ҳамзамон, барои ташаббуси мазкур ва даъвати ин ҷониб ҷиҳати иштирок дар ин раванди муҳим ба Призиденти Созмони ҷаҳонии метереологӣ ва абзори «Созмони Милали Муттаҳид ва Об» арзи сипос мекунам.
Муфассал...
- Чоршанбе, 28 Апрел 2021
Гиромидошти об дар фарҳанги миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Гиромидошти об дар фарҳанги миллӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Иштирокдорони он маърӯзаҳои хешро доир ба гиромидошти об бо афкору андешаҳои нав баён намуданд.
Конференсияи мазкур бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Муфассал...
- Чоршанбе, 28 Апрел 2021
Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028
Имрўз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи кумитаи тадорукоти Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид.
Муфассал...