wrapper

Навидҳои рӯз

  Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва 20 солагии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 5-6 октябри соли 2022 Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» баргузор гардид. Дар кори конференсияи мазкур олимону пажўҳишгарон аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи иҷроияи Бунёди байналмиллалии наҷоти Арал, Донишгоҳи миллии тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Институти географияи Академияи илмҳои Россия, Вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии Ўзбекистон, Институти байналмиллалии менеҷменти об (IWMI), Институти масъалаҳои об ва гидроэнергетикаи Академияи миллии илмҳои Қирѓизистон ва дигар муассисаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ ширкат намуданд.

  Ҷаласаи ифтитоҳиро директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, доктори илмҳои техникӣ, дотсент Амирзода О.Ҳ. ифтитоҳ намуда, сипас намояндагони вазорату идораҳо ва донишгоҳу институтҳо суханронӣ намуданд.

  Дар ҷаласаи пленарӣ, ки роҳбарии онро Амирзода О.Ҳ. ба зимма дошт, дар мавзуъҳои мухталиф пажўҳишгарон Абдуразоқзода Д., Матишов Г.Г., Зиганшина Д., Панин А.В. ва Ҷумъабоев  Қ. маърўза намуданд.

  Сипас кори конференсия дар се бахш, ки роҳбарии онҳоро  Пулатов Я.Э., Ҷумъабоев Қ. ва Панин А.В. бар дўш доштанд, идома намуд.

 Маводҳои конференсияи байналмиллалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» дар шумораҳои 3 ва 4-и Маҷаллаи илмӣ-амалии «Захираҳои об, энергетика ва экология» ба нашр расиданд.

  Ҳамин тавр, дар фарҷоми конференсияи мазкур ҳуҷҷати ниҳоӣ қабул гардида, ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол гардид.

Last modified on Шанбе, 08 Октябр 2022
Яндекс.Метрика