wrapper

Навидҳои рӯз

Конференсияҳо

Конференсияи илмӣ дар мавзуи масъалаҳои ҳифз ва нигаҳбонии пиряхҳо

  Бахшида ба Соли 2025 – “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 5 июни соли 2023 конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони “Масъалаҳои ҳифз ва нигаҳбонии пиряхҳо ва таъминоти аҳолии сайёра бо тоза” бо ширкати мутахассисони соҳа баргузор гардид.

Муфассал...

Ояндаи тағйирёбанда барои амнияти обӣ

  Санаҳои 15-17 феврали соли 2023 дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ конфронси ниҳоии «Ояндаи тағйирёбанда барои амнияти обӣ» (TFWS), ки аз тарафи Институти байналхалқии идоракунии об (IWMI), Ширкати машваратӣ оид ба тадқиқотҳои байналмиллалии кишоварзӣ (CGIAR) ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил гардида буд, баргузор гардид. Ҳадафи асосии конфронс: амалҳо оид ба амнияти обӣ, сафарбаркунии эътилофҳо ва «иттифоқҳои мақсаднок» - пешбурди амалҳои TFWS дар пешорўи Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид дар моҳи марти соли 2023 ва суръат бахшидан ба татбиқи онҳо буд.

Муфассал...

Суханронӣ дар иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27)

  Муҳтарам ҷаноби Раис,
  Хонумҳо ва ҷанобон!

  Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории  иҷлоси имрӯза миннатдории худро иброз намоям.

 Хушксоливу обхезиҳои бесобиқаи соли равон дар ҷаҳон ва аз он ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ бори дигар собит намуданд, ки тағйирёбии иқлим аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон боқӣ мемонад.   

Муфассал...

Дар Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» баргузор шуд

   5-6 октябр дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва 20-солагии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» баргузор шуд.

Муфассал...
Яндекс.Метрика