wrapper

Навидҳои рӯз

  Аз 22 то 24 ноябри соли 2023 дар шаҳри Алмаато бахшида ба 50-солагии таъсисёбии Муассисаи давлатии «Казселезащита» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Бехатарии сел - 50 соли фаъолияти Казселезашита: вазъият ва дурнамо» баргузор гардид.

  Дар чорабинӣ ҳайатҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд. Дар конференсия зиёда аз 70 нафар намояндагони ташкилотҳои илмӣ ва мақомотҳои ҳолатҳои фавқулода иштирок доштанд.

  Дар конфронс мавзӯъҳои афзалиятноки идоракунии хатари офатҳои табиӣ, аз ҷумла: сиёсати давлатӣ дар кишварҳои ИДМ оид ба таъмини бехатарии сел, ҳифзи муҳандисии зидди сел (сохтмони сарбандҳои нигоҳдории сел ва иншооти зидди сел), корҳои пешгирикунанда аз сел ва мониторинги хатарҳои сел, таҳияи асосҳои назариявӣ ва илмӣ-методӣ барои омӯзиши сел, пешгӯӣ ва арзёбии хатари сел, усулҳои муосири истифодаи ТИК ва ғайра муҳокима гардиданд.

  Ташкили конференсияи илмию амалии байналмилалӣ бахшида ба солгарди МД “Казселезащита”, ки ин пеш аз ҳама ба вохӯрии дӯстон, ҳамкорон, мубодилаи таҷриба, ҳамоҳангсозии тадқиқоти минбаъдаи якҷояи илмӣ мусоидат мекунад, аз ҷониби Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Муассисаи давлатии «Казселезащита» ва ҶС «Институти ҷуғрофиё ва амнияти обӣ»-и Кумитаи илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон анҷом дода шуд.

  Дар бораи мавқеъи илм дар системаи умумии идоракунии ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла сел, мо бо камоли хушнудӣ далели ҳамкориҳои дарозмуддати Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бо Институти география ва амнияти обӣ»-и Кумитаи илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон, ки онро академики муҳтарам Медеу Ахметкал Рахметуллаевич роҳбарӣ менамояд ва дар омўзишу таҳияи тавсияҳо дар соҳаи идоракунии хатарҳои табиӣ саҳми арзанда дорад, дар назар дорем. Ҳамкориро мо дар бисьёр соҳаҳои илм, аз чумла дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ идома дода истодаем.

  Дар бораи таваҷҷуҳи доимӣ ва дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии байниминтақавии «Селевая ассоциация», ки таҳти роҳбарии президенти он, мӯҳтарам Сергей Семёнович Черноморец фаъолият дорад, бояд қайд намуд.

 Иштироки мутахассисони Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ба шарофати дастгирии Бюрои кластерии ЮНЕСКО дар Қазоқистон имконпазир гардид. Мо изҳори сипос мекунем ва таваҷҷуҳи доимии Бюрои кластерии ЮНЕСКО-ро ба ҷомеаи илмӣ ва академикӣ қайд менамоем.

  Дар Конфронси байналмиллалӣ Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мудири Лабораторияи «Иншооти гидротехникӣ» Фазылов А.Р. ва мудири Лабораторияи «Иқлимшиносӣ, пиряхшиносӣ ва моделкунонии захираҳои обӣ» Ниязов Ҷ.Б. намояндагӣ намуда бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.

 

Last modified on Чоршанбе, 06 Декабр 2023
Яндекс.Метрика